Шӯрои диссертатсионӣ

Дар арафаи фарорасии аруси сол – фасли баҳор ба биологҳои тоҷик  хушхабари нав расонида шуд. Бо Қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 86 аз 02.03.2022 дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Шўрои диссертатсионӣ доир ба ҳимоя намудани рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ аз руи ихтисосҳои «Генетика» ва «Экология» иҷозат дода шуд. Ин мужда ва падидаи нави илмӣ, биологҳо ва экологҳои Тоҷикистонро водор месозад, ки акнун дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ин бахшҳои илм кушиши зиёдро ба харҷ диҳанд. Чунки, фанҳои генетика ва экология дар бахшҳои биология ва табиатшиносӣ ҳоло ва дар оянда дар рушди илми ватании кишварамон нақши калидиро мебозанд. Ба ҳайати аъзогии Шўрои диссертатсионӣ олимони шинохтаи кишвар шомил гаштаанд.

Раиси Шўрои  диссертатсионӣ доктори илмҳои биологӣ, профессор Ф.Ю. Насырова ва муовини  раис, доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон А.С.Саидов бо аъзоёни шўро нақшаи кории Шўрои диссертатсиониро муҳокима менамоянд.  
Рамзи ШӯроИхтисосҳо
6D.KOA-033PhD – доктори фалсафа бо самтҳои:
6D060707 – Генетика
6D060800– Экология (6D060800.01- бо самтҳои илмҳои биологӣ)
докторантура ва аспирантура (унвонҷӯй)- анъанавӣ бо самтҳои:
03.02.07 – Генетика
03.02.08 – Экология ( бо самтҳои илмҳои биологӣ)

Бояд ёдовар шуд, ки ин ташаббуси Комиссияи олии атестатсионии назди Президетнти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, аз Фармон ва дастурҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» нашъа гирифта, барои дар амал татбиқ намудани дурнамои Ҳукумати Тоҷикистон оиди рушди минбаъдаи илм дар кишварамон равона карда шудааст.  

Месазад қайд намуд, ки фани генетика меҳвари асосии илмҳои биологияи муосир ба шумор рафта, тамоми равандҳои илмиро доир ба ирсият ва  таѓйирпазирии организмҳои зинда кушода медиҳад. Тавассути донистани ин қонуниятҳои генетикӣ метавон паҳншавии касалиҳои ирсии инсонро пешгирӣ намуд, навъҳои ояндадори зироатҳои кишоварзӣ, гиёҳҳои табобатӣ, зотҳои сермаҳсули чорвую парранда, инчунин штамҳои гуногуни микроорганизмҳои фоидаоварро ба даст оварда, онҳоро дар таъмини амнияти биологӣ ва озўқавории кишвар истифода намуд. Экология низ яке аз бахшҳои асосии табиатшиносии имрўза ба шумор рафта, дар омўзиши равандҳои мураккаби таѓйирёбии глобалии иқлими кураи Замин ва таъсири омилҳои гуногуни зист ба организмҳои зинда дар экосистемаҳои кишварамон нақши калидиро мебозад.

Дар ин ҷо мебояд тазакур дод, ки имрўз олимони дунё собит сохтаанд, ки нишонаҳои гуногуни организмҳои зинда дар зери омилҳои экологӣ метавонанд таѓйир ёбанд. Яъне нишонаҳои ирсии организмҳо ва таѓйирпазиррии онҳо ба мутобиқшавии генҳои организм дар шароитҳои гуногуни мураккаби экологӣ вобастагии ногустанӣ доранд. Доир ба омўзиши  қонуниятҳо ҳамбастагии генотипҳои организмҳо ва омилҳои экологӣ ҳоло олимони дунё дар бахши генетикаи экологӣ ҷустуҷуйҳои илмиро пеш бурда истодаанд. Бинобар ин тайёр намудани олимони ин соҳаҳои ҳаётан муҳими бахшҳои биология ва табиатшиносӣ, яъне генетика ва экология  яке аз масъалаҳои мубрами рўз боқӣ монда, Шўрои диссертатсионии навтаъсисёфтаи назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар дифои рисолаҳои арзишманди илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои ҷавону болаёқат саҳми арзандаи хешро хоҳад гузошт.      

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ.