Захираҳои гербарий

Захираи Гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Мубалиева Шоиста — мудири захираҳои гербарий

Захираи Гербарияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 1941 ташкил карда шуда, ягона манбаи табии махсусгардонидашудаи ботаникӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Фонди Гербарии институт бойтарин коллексияи растаниҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо бештар аз 200 000 намунаҳои хушки гербария кардашудаи наботот, аз ҷумла 28 000 растаниҳои ушнашаклон, 15 000 гулсангҳо, бештар аз 15 000 растаниҳои обсабз, ки дар музофотҳои минтақаҳои кўҳии Памиру-Олой месабзанд (Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизстон), маҳфўз мебошанд. Варақаҳои гербарӣ аз тарафи олимони гуногун ҳанўз аз соли 1876 сар карда, то ҳоло ҷамъоварӣ карда шудаанд.

Захираи гербарий на танҳо аз ҷихати бойигарӣ ва таърихи чамъоварии намунаҳои растанӣ, ки дар он ҷо аввалин гиёҳҳоро 135 сол пеш олимони намоёни рус чамъ карда буданд, балки аз чихати таркиби навъхои гуногуни эндемикӣ, нодир ва сурхпусту ба он дохилшуда низ беназир аст. Дар айни замон дар захираи гербарий намунаҳои гербарийи гиёҳҳои шавқовар — боқимондаҳои флораи қадимии Осиёи Миёна, яъне боқимондаҳои флораи сеюми минтақа сабт шудааст.

Нишондиҳандаи асосии арзиш ва аҳамияти захираи гербарий на танҳо аз рўи мавҷудияти миқдори намунаҳои гербарии растаниҳо ва аз рӯи мавҷуд будани намунаҳои нодири он, балки аз  ҷониби олимон истифодаи  васеъ ва пурмаҳсули гербарӣ муайян карда мешавад.

Аввалин ҷамъоварандагони варақаҳои гербарӣ дар Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон А. Леман, А.П. Федченко О.А. Федченко, Б.А. Федченко, А.Е. Регел (1884), Н.Н. Покотилло (1889), Ф.А. Алексеенко, И. Косиненко (1911), В. И. Массалский (1913), Л. Букинич (1916), И.А. Райкова (1928), С.И. Коржинский, В.И. Запрягаева, П.Н. Овчинников М.Р. Расулова, У.Қ. Маматқулов, ва ғайраҳо мебошанд. Дар Захираи Гербария варақаҳои гербарии солҳои 1876, 1897, 1899, ки аз тарафи олимон Д.И. Литвинов ва Г. Гиир ҷамъоварӣ гардидаанд, нигоҳ дошта шудаанд. 

Саҳми олимони тоҷик Расулова М, Юнусов С, Қурбонбеков З, Астанова С, Исмоилов М, Дарвозиев М ва дигарон низ дар гирдоварии варақаҳои гербарӣ калон аст.

Ҳамасола дар рафти таҳқиқотҳои экспедитсионӣ дар ноҳияҳои флористии гуногуни ҷумҳурӣ миқдори зиёди варақаҳои гербарӣ ҷамъоварӣ гардида, захирагоҳ бо коллексияҳои нав пурра карда мешавад.

Танҳо шумораи навъҳои эндемики гербарий (намудҳое, ки танҳо дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза мерӯянд ва танҳо) зиёда аз 5800 намунаро ташкил медиҳанд. варақаҳои гербарий зиёда аз 500 намуди растаниҳои рагдор. Дар территорияи Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатхои Осиёи Миёна шумораи бештари намудҳои растаниҳои рагдор (зиёда аз 4500 намуд, ки 882 намуд эндемик аст) меруяд. Барои муқоиса нишон медиҳем, ки шумораи навъхои эндемикй дар Қирғизистон 321 намуд, дар Туркманистон 325, дар Узбекистон 366, дар Қазоқистон 550 намуд мебошад.

Захираҳои гербарий дар зарфи даҳсолаҳо ба вуҷуд оварда шуда, натиҷаи меҳнати пурҷӯшу хуруши наслҳои сершумори ботаникҳои тоҷик буда, дар марҳалаи хозира генофонди бебаҳои устувори зиёда аз 9 хазор намуди растаниҳои спораҳои Помиру – Алай мебошад. Захираҳои гербарий солҳои зиёд ҳамчун объекти тарбияи биоэкологӣ ва тарғиби дастовардҳои илми ботаника дар соҳаи систематика (таркиби намудҳо ва таркиби системавии наботот), системасозӣ ва принсипҳои дифференсиатсияи таксонҳои болоии наботот дар Тоҷикистон хизмат мекард.

Захираҳои гербарии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ нодир ва хеле пурқимат буда, дар он бойтарин материалхои фактурию далелхои навъхои гуногуни набототи табиии моро дарбар мегирад. Барои шиносоӣ бо намояндагони гуногуни набототи ғании табиии Тоҷикистон ва умуман Помир-Олай танҳо дар солҳои Истиқлолияти давлатии кишварамон даҳҳо нафар кормандон ва як қатор ҳайатҳои вакилони бисёр кишварҳои ҷаҳон ( ИМА, Канада, Олмон, Полша, Ҷопон, Чин, Чехия, Русия, Украина ва ғайра) сафарҳои хизматӣ дошта буданд.

Олимони машхури тамоми чахон бо фонди коллективии растаниҳои набототи махаллй, ки дар захираҳои гербарий махфузанд, шинос шуданд. Дар ин чо ботаникхо бе чамъоварии навъхои гуногуни растанихо метавонанд бо морфобиологхо бо хусусиятхои намунахои растании Флорахои бумӣ шинос шуда, онхоро бо характеристикахои якхелаи дигар намояндагони Флорахои дигари чахон мукоиса кунанд.

Фонди гербарий минбаъд хам объекти лекцияхо ва маркази таълимии студентон ва мактаббачагон хохад шуд.

То ин дам садхо экскурсияхо ва курсхои такмили ихтисос гузаронда шуданд.

Айни замон захираҳои гербарийи донишкада аз нав ба низом дароварда шуда, бо намунаҳои нав бо ташрифи олимон, донишҷӯён, сайёҳон ва дигар меҳмонон аз ҳаёти табиат, захираҳои генофонӣ ва намудҳои зарурии набототи Помиру Олой ва Осиёи Миёна дар Тоҷикистон пурра карда мешавад.