Яке аз самтҳои фаъолияти илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омўзиши гуногунии биологии растаниҳо, хусусиятҳои фитохимиявии растанињои шифобахш ва муайян намудани захираи онҳо дар табиат ба шумор меравад.
Мутахассисони Институт дар баробаридигар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ҷаҳонӣ, ба монанди Украина, Белорус, Арманистон ва Ўзбекистон дар татбиқи лоиҳаи байналмиллалии «Биомаълумотҳо» оид ба муаррифии маълумотҳои марбут ба гуногунии биологӣ дар сатҳи байналмиллалӣ иштирок менамояд. Барномаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои Институт бо ТҶ “Зан ва Замин” роҳандозӣ шуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки Институт дар татбиқи лоиҳаи мазкур дар байни дигар шарикони лоиҳа иҷрокунандаи хеле фаъол ба ҳисоб меравад.
Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани малакаи биологњои ҷавон барои таҳия ва коркарди маълумотҳои марбут ба гуногунии биологӣ, табодули таҷриба, барои таҳлил ва идоракунӣ, инчунин интишори маълумотҳо дар бораи гуногунии биологӣ дар сатҳи байналмиллалӣ мусоидат ба шумор меравад.
Дар доираи ҳамкорҳои Институт бо ТҶ “Зан ва Замин” як гурўҳи муҳаққиқ-ботанињои љавон барои гирд овардани донишҳои этноботаникӣ ба ноҳияҳои Варзоб ва Айнӣ экспедитсия муштарак ташкил карда шуд.
Мақсади экспедитсия ва гузаронидани таҳқиқот пешгирии аз байн рафтани донишҳои анъанавӣ оид ба олами наботот ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддӣ тавассути ҷамъоварӣ ва ҳуҷҷатгузорї намудани донишҳои маҳаллӣ, таҳлили шакли истифодабарии коллексияҳо ва муайян кардани намудҳои анъанавии растаниҳои шифобахш дар ҷомеаи минтақаҳои Варзоб ва Айнӣ иборат буд.
Бояд қайд намуд, ки ҷараёни ташкили экспедитсия ва методологияи гузаронидани тањқиқоти этноботаникӣ мунтазам бо маслиҳат ва машваратҳои этноботаник, профессор Абдулбосит Қурбонӣ аз Донишгоҳи Упсалаи Шветсия иҷро гардид. Айни замон иттилооти экспедитсияи муштараки гирдоварда шуда, дар љадвалњои махсус ворид ва коркард карда шудааст.
Барои таҳлили пураи маълумотҳои этноботаникии бадастовардашуда ва ҷамъбасти онҳо, навиштани мақола оид ва нашри он муҳаққиқони ҷавон душворӣ мекашанд ва ба маслиҳату кӯмаки мутахассис ниёз доранд. Моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми ташрифи Абдулбасит Қурбонӣ ба Институт барои вохўрӣ бо иштирокчиёни экспедитсияи этноботаникӣ таклиф шуда буд, ки дар таҳияи мақола ва нашри он ба муҳаққиқони ҷавон кумак расонад.
Айни ҳол лоиҳаи “Биомаълумотҳо” имконият пайдо намуд, ки барои гузаронидани семинари омўзишӣ ба муҳаққиқон – ботаникҳои ҷавон ҷиҳати таҳияи мақолањои этноботаникӣ дастгирӣ намояд.
Бинобар ин рўзҳои 31.10.2022 то 04.11.2022 дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ барои муҳаққиқон – ботаникҳои ҷавон оид ба «Таҳлили натиҷаҳои таҳқиқоти этноботаникӣ ва тарзи навиштани дастнависи мақолаҳои илмӣ оид ба натиҷаҳо» семинари омўзишӣ гузаронида шуд. Дар семинар иштирокчиёни экспедитсияи этноботаникӣ, ботаникҳои ҷавон, магистрҳо, омўзгорони ҷавон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва дигар кормандони ҳавасманди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ иштирок карданд.
Барои гузаронидани семинари омузишӣ профессори Шуъбаи ботаникаи систематикии Донишгоҳи Упсалаи Шветсия Абдулбасит Курбонӣ ба ҳайси тренер даъват карда шуд.
Мақсади семинари омузишӣ: таҳлили натиҷаҳои бадастомадаи таҳқиқоти этноботаникӣ бо кумаки коршиноси хориҷӣ; баланд бардоштани донишу малакаи ботаникони ҷавон дар таҳияи мақолаи илмӣ дар соҳаи этноботаника ва мусоидат барои интишори он дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ; мусоидат барои ҷалби маблағҳо барои гузаронидани таҳқиқотҳои этноботаникӣ бо воситаи таҳияи лоиҳаҳо.
Дар рўзи охирони семинари омўзишӣ ҳар як иштирокчӣ мақолаи этноботаникӣ омода намуда, онро дар шакли рўйнамо пешниҳоди ҳозирин намуд ва дигар иштирокчиён онро мавриди муҳокима қарор доданд.