Ҳисобот оид ба сафари хизматӣ ба ш.Ланҷо, ҶХХ

Мувофиқи Амри Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 03.05.2023 №30001/23-194 директори Институт Бобозода Б.Б. ва тибқи Амри Президенти Академияи миллии илмҳои Тољикистон аз 26.04.2023 №30001/23-156 мудири озмоишгоҳи биохимияи фотосинтез, узви вобастаи АМИТ Абдуллоев А., мудири озмоишгоҳи бехатарии биологӣ, д.и.б., профессор Носирова Ф.Ю. ва х.к.и. Баротов С.С. аз санаи 5.05.2023 то 12.05.2023 дар семинари байналмилалӣ ва таҳлили бехатарии маҳсулоти ғизоӣ оид ба стандартҳо, ки дар Донишгоҳи бизнес ва технологияи провинсияи Гансу (ш.Ланҷо, Ҷумҳурии Халқии Хитой) баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар нимаи аввали рўзи 06.05.2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи бизнес ва технологияи провинсияи Гансу (ДБТГ) бо ҳамкорони хитоӣ вохӯрӣ намуда, дар бораи фаъолияти Озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба бехатарии биологии маҳсулоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар давоми солҳои 2019-2023 аз ҷониби Хитой директори ДБТГ профессор Ду Сзянсюан ва аз ҷониби Тоҷикистон мудири ин озмоишгоҳ профессор Носирова Ф.Ю. ҳисобот доданд.

Дар нимаи дуюми рӯз дар маҷлисгоҳи Департаменти илм ва технологияи провинсияи Гансу (ДИТГ) бо иштироки директори генералии он Ду Ҷианкуан, инспектори дараҷаи дуюм профессор У Чжисян ва як қатор мутахассисони хитоӣ ва аъзоёни делегатсияи Институт оид ба корҳои минбаъда ҷиҳати бо дастгоҳу реактивҳои зарурӣ таъмин намудани Озмоишгоҳи муштарак мусоҳиба ва табодули афкор намуданд.

Рўзи сеюм (07.05.2023) ба Пойгоҳи селексия ва зиёд намудани моҳии Донишгоҳи аграрии Гансу экскурсия оид ба истифодаи технологияи инноватсионӣ дар соҳаи селексияи моҳипарварӣ ташкил карда шуд.

Нимаи аввали рӯзи 08.05.2023 аз факултет, кафедраҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти Ланҷоу оид ба тайёр намудани кадрҳои муосир шиносоӣ пайдо кардем. Ин муассисаи бонуфуз бо Институти конфутсияи назди Институти кӯҳию металлургии Тоҷикистон, МШК Компанияи Хитою Тоҷикистон оид ба саноати кӯҳӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони ҷавон ҳамкорӣ доштааст. Баъди экскурсия дар маҷлисгоҳ бо иштироки ректори Донишгоҳ, секретари ҳизбии комитет Чжен Шаочжун, директори Маркази таҳқиқоти бунёдию назариявии Донишгоҳ муҳандис Ли Сзяолун, директори Донишгоҳи бизнес ва технологияи провинсияи Гансу профессор Ду Сзянсюан, иштирокчиёни семинари байналмилалӣ аз Тоҷикистон ва директори Институт Бобозода Б.Б. самтҳои ҳамкории муштарак баррасӣ карда шуд. Пешниҳод карда шуд, ки оид ба самти агрометерологияи кишоварзӣ ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ бо истифодаи усулҳои гидропоника ва аэропоника дар гармхонаҳои муосир дар базаи ин Донишгоҳи бонуфузи Хитой тибқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ мутахассисони тоҷик омода карда шаванд.

Рӯзи 09.05.2023 ба Академияи илмҳои кишоварзии Гансу (АИК Гансу) ташриф овардем. Аввал бо осорхона, дастовардҳои дар амал татбиқшудаи ин муассисаи бонуфуз, самтҳои асосии таҳқиқоти илмии муассисаҳои зертобеи АИК Гансу шинос шудем, ки онҳо қариб ба тамоми самтҳои таҳқиқоти илмии Институт наздик аст. Аз таърихи таъсисёбӣ, фаъолияти илмӣ, дастовардҳо ва озмоишгоҳҳои муосир ва гармхонаҳои Институти картошкапарварӣ маълумот гирифтем. Маълум мешавад, ки дар соҳаи картошкапарварӣ ин муассиса ба дастовардҳои калон ноил гардидааст, масалан парвариши тухмии элитаи картошка бо истифода аз усулҳои муосири биотехнологӣ (in vitro, in vivo, in situ), парвариши растаниҳо дар шароити аэропоника, гидропоника ва ғайраҳо.

Дар маҷлисгоҳи АИК Гансу директори Институт Бобозода Б.Б. дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Институт ва дастовардҳои дар истеҳсолот татбиқшуда тариқи презентатсия баромад намуд. Мудири озмоишгоҳи биохимияи фотосинтез Абдуллоев А. оид ба такмил додани озмоишгоҳи бехатарии биологӣ бо мутахассисони ҷавон ва минбаъд вусъат додани фаъолияти он дар дигар самтҳо баромад намуд. Дар охир қарор дода шуд, ки баъди ба имзо расонидани Меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Гансу муассисаҳои он метавонад дар самтҳои алоҳида бо ҳамдигар тибқи Созишномаҳо ба ҳамкориҳо оғоз намоянд.

Дар нимаи дуюми рӯзи 09.05.2023 аз самтҳои таҳқиқоти илмии Озмоишгоҳҳои муосири муҳити зисти Вазорати маорифи Донишгоҳи Ланҷоу шинос шудем. Дар доираи ҳамкориҳои муштарак ходими калони илмии Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ Баротов С.С. дар Озмоишгоҳи таҳлили таркиби генетикии тухмиҳои зироатҳои кишварзии Институти бизнес ва технологияи Гансу бо кормандони озмоишгоҳи мазкур санҷишҳо бо усли реаксияи занҷирии полимеразӣ (РЗП) гузаронида шудаанд. Мақсади ташхис муайян намудани ОГТ дар тухмиҳои кишоварзии ба Тоҷикистон воридшаванда бо усули таҳлили миқдори ба ҳисоб мерафт. Аз қабили: картошка, ҷуворимакка 2 навъ, помидор 2 навъ ташхис карда шуданд.

Рӯзи 10.05.2023 Меморандум оид ба ҳамкориҳо байни Донишгоҳи бизнес ва технологияи Гансу, Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ ва Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ ба имзо расонида шуд.

Инчунин ба Озмоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба бехатарии биологии маҳсулоти озуқаворӣ ва кишоварзии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ таҷҳизоти муосири Нано дроп – Metash (Спектрофотометр) оид ба муайян намудани таркиби биохимиявии намунаҳои растаниҳо ва консентратсияи КДН бо арзиши 10 000 $ ба тариқи тӯҳфа (ройгон) супорида шуд.

Директори Институт                                           Бобозода Б.Б.