Низомномаи Шӯрои Диссертатсионӣ

Мундариҷа:

  1. Муқаррароти умумӣ
  2. Тартиби таъсиси шӯро
  3. Ташкили кори шӯро
  4. Қабули диссертатсия ва экспертизаи он
  5. Ҳимояи диссертатсия
  6. Тартиби овоздиҳии пинҳонӣ
  7. Маҳрум ва барқарор кардани дараҷаи илмӣ
  8. Таъминоти моддӣ-техникии шўро ва назорати фаъолияти он
  9. Муқаррароти хотимавӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи шўрои диссертатсионӣ (минбаъд–Низомномаи мазкур) тартиби ташкил ва фаъолияти шўроҳои диссертатсионӣ (минбаъд–Шўро) оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат, гузаронидани маҷлисҳои Шўро, қоидаҳои қабули диссертатсияҳо барои ҳимоя ва экспертизаи аввалия, экспертизаи муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар, ҳимояи ошкорои он, маҳрум ва барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ ва инчунин таъминоти моддӣ-техникӣ ва назорати фаъолияти Шўроро муқаррар менамояд.

2. Шўро фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории амалкунанда, инчунин Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3. Шўро талаботи ягонаро нисбат ба довталаби дараҷаи илмӣ ва диссертатсияи ў таъмин намуда, таҳлили муҳтавои диссертатсияро ба роҳ монда, ба диссертатсияҳои ба ҳимоя пешниҳодшуда баҳои илмӣ медиҳад.

4. Баррасии диссертатсияҳо дар Шўро давраҳои зеринро дар бар мегирад:

– экспертизаи аввалия;

– экспертизаи муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар;

– ҳимояи ошкорои диссертатсия.

5. Аз рўи натиҷаҳои ҳимояи ошкорои диссертатсия Шўро барои додани дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD,доктор аз рўи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат қарор қабул намуда, фаъолияти зеринро анҷом медиҳад:

– ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия) оид ба додани дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD),доктор аз рўи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат дархост пешниҳод мекунад;

– ба диссертатсияе, ки дар Шўрои дигари наздик аз рўи самти илм ҳимоя шудааст, хулосаи иловагӣ медиҳад;

– дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоятҳо оид ба масъалаи додани дараҷаҳои илмӣ дар мавриди риоя накардани тартиби пешниҳод намудан ба ҳимоя ва ҳимояи диссертатсияҳо хулоса медиҳад;

– ҳар сол фаъолияти худро (бо дарназардошти муҳтавои диссертатсияҳои ҳимояшуда ва пешниҳоди интишороти аъзои Шўро дар давраи ҳисоботӣ) таҳлил намуда, оид ба натиҷаҳои он ба Комиссия ҳисобот пешниҳод менамояд;

– ваколатҳои дигарро тибқи муқаррароти Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ амалӣ менамояд.

6. Шўро барои мувофиқати диссертатсияҳо ба ихтисосҳо ва самтҳои пешниҳодшуда, воқеӣ будани сифати экспертизаи онҳо, асоснок будани қарорҳои дахлдори нисбат ба онҳо қабулшуда, мувофиқати онҳо ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ масъул мебошад. Шўро вазифадор аст, ки ба дархости Комиссия тавзеҳоти зарурӣ диҳад ва барои гузаронидани экспертиза ва ҳимояи диссертатсия маводи дахлдорро пешниҳод намояд.

7. Дар мавриди риоя нашудани расмиёти пешниҳод ва ҳимояи диссертатсияҳо, воқеӣ набудани экспертизаи онҳо Комиссия баъди огоҳӣ додан ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраргардида фаъолияти Шўроро боздорад ва ё қатъ кунад.

8. Агар дар натиҷаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои парвандаи аттестатсионӣ дар Комиссия вайрон карда шудани талабот оид ба қоидаҳои ҳимоя аз ҷониби Шўро ошкор шуда бошад, Комиссия ҳуқуқ дорад, ки диссертатсияи ҳимояшударо барои ҳимояи такрорӣ ба Шўрои мазкур баргардонад.

9. Шўро ба довталаби дараҷаи илмӣ дар масъалаҳои вобаста ба ҳимояи диссертатсия ёрии амалию методӣ мерасонад.

10. Муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, ки дар заминаи онҳо Шўро таъсис дода шудааст (минбаъд–Муассиса), уҳдадоранд матни пурраи диссертатсия, автореферати он ва маводи иттилоотиро тибқи талаботи Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ дар сомонаи расмии худ дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионии интернет (минбаъд–сомонаи Муассиса) ҷойгир карда, сабти аудиоӣ ва видеоии маҷлисҳои Шўроро ба роҳ монад. Дар мавридҳои зарурӣ реҷаи онлайнии маҷлиси Шўроро бо мақсади ошкорбаёнии фаъолияти он таъмин намояд.

11. Муассиса хароҷоти муқарризони расмӣ ва хароҷоти дигари вобаста ба ҳимояи диссертатсияро пардохт мекунад. Ҳар гуна хароҷоти вобаста ба баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо дар Шўро (ба истиснои шаҳрвандони хориҷӣ, агар тибқи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси шартномаи баимзорасидаи байни довталаби дараҷаи илмӣ ва муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад) аз ҳисоби довталаби дарёфти дараҷаи илмӣ қатъиян манъ аст.

12. Роҳбари Муассиса барои мутобиқати ҳайат ва фаъолияти Шўро мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва (ё) илмӣ-техникии тахассуси олӣ масъул мебошад.

13. Шўро диссертатсияи шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатиро тибқи тартиби тасдиқнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳимоя қабул менамояд.

14. Шўро диссертатсияҳои шаҳрвандони хориҷиро ба ҳимоя дар сурате қабул карда метавонад, ки агар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати марбут дар ин бобат шартномаи дуҷониба ё бисёрҷониба мавҷуд бошад ё довталаб бо тартиби муқарраргардида бо муассисаи таълимӣ (илмӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома (қарордод) ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмиро ба имзо расонида, инчунин хароҷоти ҳимояи диссертатсия ва экспертизаи онро пурра пардохт намуда бошад, агар дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

Бозгашт ба мундариҷа

2. ТАРТИБИ ТАЪСИСИ ШЎРО

15. Шўро барои баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рўи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат таъсис дода мешавад. Шўро бо қарори Комиссия дар заминаи муассисае, ки бо кадрҳои илмии дорои тахассуси олӣ таъмин буда, дорои дастовардҳои бузурги илмӣ мебошад ва дар самтҳои дахлдори илм таҳқиқоти илмиро фаъолона амалӣ менамояд, инчунин, кормандони илмии тахассуси олиро дар аспирантура (адъюнктура) ва докторантура аз рўи ихтисос, докторантура, постдокторантура ва ба тариқи унвонҷўӣ тайёр мекунад, таъсис дода мешавад.

16. Номгўйи ҳуҷҷатҳо оид ба таъсиси шўрои диссертатсионӣ тибқи замимаи 1 Низомномаи мазкур ба Комиссия пешниҳод мегардад.

17. Ҳангоми зарурат то 3 Муассиса метавонанд Шўрои муштарак ташкил намояд.

18. Шўрои муштарак дар асоси созишномаи байни муассисаҳо дар заминаи муассисае, ки бо дастовардҳои бузурги илмиаш дар соҳаи муайяни илм маъруф аст ва ба талаботи бандҳои 19-31 Низомномаи мазкур мувофиқат мекунад, таъсис дода мешавад (замимаи 2).

19. Комиссия на зиёда аз 3 ихтисоси ба ҳам наздикро аз рўи як ё ду соҳаи илм муайян карда, ба Шўро ҳуқуқи қабул ва баррасии диссертатсияҳоро вогузор менамояд.

20. Ба ҳайати Шўро докторони илм ва докторони ҳабилитате дохил шуда метавонанд, ки дар муддати 5 соли охир аз рўи ихтисоси соҳаи илми дархостшаванда дар маҷаллаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ тибқи Феҳристи Комиссия на кам аз 5 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 1 монография ва 2 маърўза дар конфронси сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта бошанд. Номзади илм ё доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисосе, ки унвони илмии дотсент ва на камтар аз 10 сол таҷрибаи корҳои илмӣ-таълимӣ дошта, дар муддати 5 соли охир аз рўи ихтисоси соҳаи илми дархостшаванда на кам аз 1 дастури методӣ, 1 монография ва ё 5 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расонидааст, ҳуқуқи аъзои Шўро шуданро дорад. Дар муассисаи илмӣ танҳо сарходими илмӣ, ки на камтар аз 10 сол таҷрибаи корҳои илмӣ дошта, дар муддати 5 соли охир аз рўи ихтисоси соҳаи илми дархостшаванда 1 монография ва ё на кам аз 5 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расонидааст, ҳуқуқи аъзои Шўро шуданро дорад. Мутобиқати аъзои Шўро ба ихтисосҳои дархостшуда бо дипломи дараҷаи илмӣ ва (ё) бо интишороти илмии онҳо тасдиқ карда мешавад.

21. Шумораи ҳайати Шўро аз 9 то 15 нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳайати Шўро мутахассисон аз муассисаҳои дигари илмӣ ва таълимӣ бояд дохил карда шаванд, ки шумораи онҳо на зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шӯро бошад. Ба ҳайати Шўро ворид намудани хешовандони наздик (падар, модар, зан, шавҳар, фарзанд, бародар ва хоҳар) манъ аст.

22. Шўро дар ҳайати раис, муовин, котиби илмӣ ва аъзои Шўро, ки унвони илмии дотсентӣ доранд, ба муҳлати то 5 сол таъсис дода мешавад.

23. Раиси Шўро доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рўи яке аз ихтисосҳои дархостшаванда ва бо дастовардҳои илмии худ маъруф бояд бошад, ки на кам аз 3 мутахассиси баландихтисоси дорои дараҷаи илмӣ тайёр кардааст. Дар мавридҳои истисноӣ, дар мувофиқа бо Комиссия, корманди муассисаи дигар низ раиси Шўро шуда метавонад. Дар чунин мавридҳо муовини раис бояд корманди доимии Муассиса бошад.

24. Муовини раиси Шўро бояд доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рўи яке аз ихтисосҳои дархостшаванда бошад, ки бо дастовардҳои илмии худ маъруф буда, на кам аз 2 мутахассиси баландихтисоси дорои дараҷаи илмӣ тайёр карда бошад.

25. Котиби илмии Шўро бояд доктори илм, доктори ҳабилитат, номзади илм ва ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рўи ихтисос аз рўи яке аз ихтисосҳои дархостшаванда ва корманди доимии Муассиса бошад.

26. Раис, муовини раис ва котиби илмии Шўрои муштарак кормандони доимии муассисаҳои гуногуни иштирокчии созишнома мебошанд.

27. Барои таъсиси Шўро ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат дар Тоҷикистон вуҷуд доштани 5 мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат аз рўи ихтисоси дархостшаванда зарур аст, ки 2 нафари онҳо бояд корманди басти доимии ҳамин муассиса бошанд.

28. Барои таъсиси Шўро ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фаласафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос зарур аст, ки дар Тоҷикистон 5 мутахассиси дорои дараҷаи илмии ихтисоси дархостшаванда мавҷуд бошанд, ки на кам аз 3 нафари онҳо доктори илм ё доктори ҳабилитат ва 2 нафари онҳо корманди басти доимии ин Муассиса бошанд.

29. Талабот ба ҳайати Шўро барои ихтисосҳои нодир (тибқи Феҳристи ихтисосҳо):

– барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат на кам аз 3 мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат мутобиқи ихтисоси дархостшаванда;

– барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фаласафа (PhD)-доктор аз рўи ихтисос на кам аз 2 (ба таври истисно на кам аз 1) мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат мутобиқи ихтисоси дархостшаванда.

30. Дар ҳолати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани шумораи кофии мутахассисон барои таъсиси Шўро, ба тариқи истисно ба ҳайати он мутахассисон аз кишварҳои хориҷӣ (на зиёда аз ду нафар аз рўи ҳар як ихтисос) шомил шуда метавонанд. Дар ин сурат хароҷоти даъвати мутахассисони аз хориҷи кишвар ҷалбшуда ба зиммаи Муассиса вогузор мегардад.

31. Шумораи аъзо, ҳайати шахсӣ, муҳлати ваколати Шўро ва феҳристи ихтисосҳои соҳаи илме, ки аз рўи онҳо ҳимояи диссертатсияҳо баргузор мегарданд, дар асоси дархости Муассиса бо қарори Раёсати Комиссия тасдиқ карда мешавад. Дархост бояд фарогири иттилоот дар бораи дастовардҳои илмии Муассиса дар соҳаи дахлдори илм, шумораи докторони илм, докторони ҳабилитат, номзадҳои илм ва докторони фаласафа (PhD)-докторон аз рўи ихтисос, мавҷуд будани аспирантура, докторантура, докторантура аз рўи ихтисос, постдокторантура ва ниҳоди (институти) унвонҷўӣ бошад. Дар сурати мавҷуд набудани шиносномаи ихтисосҳое, ки аз рўи онҳо Шўро таъсис дода мешавад, Муассиса ба дархост лоиҳаи шиносномаи ин ихтисосҳоро илова менамояд.

32. Доктори илм ё доктори ҳабилитат ҳуқуқ дорад, ки дар як Шўро на зиёда аз ду ихтисос ва номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рўи ихтисос танҳо як ихтисосро намояндагӣ кунад. Як мутахассис бо дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат метавонад ба ҳайати на зиёда аз 3 Шўро дохил шавад. Мутахассиси дорои дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рўи ихтисос метавонад ба ҳайати на зиёда аз 1 Шўро дохил шавад. Кормандони басти кории Комиссия, узви Раёсати Комиссия ва аъзои шўрои экспертии Комиссия наметавонанд аъзои Шўро бошанд.

33. Роҳбар ва муовини роҳбари мақоми давлатӣ, инчунин узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўро, муовини ў ва котиби илмӣ шуда наметавонанд.

34. Таѓйири ҳайати Шўро, иваз намудани раис, муовини ў ва котиби илмии Шўро дар асоси дархости Муассиса бо қарори Раёсати Комиссия сурат мегирад. Таѓйири ҳайати Шўро, аз ҷумла иваз намудани раис, муовини ў ва котиби илмии Шӯро метавонад бо ташаббуси Комиссия амалӣ гардад.

35. Ҳангоми таѓйири феҳристи ихтисосҳо ва соҳаҳои илме, ки аз рўи он Шўро таъсис дода мешавад ва дар мавриди тамдиди ваколати он барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ба ҳамон тартибе, ки барои таъсис додани Шўрои нав муайян шудааст, сурат мегирад.

36. Шўро метавонад бо иҷозати Комиссия барои ҳимояи диссертатсияҳое, ки ба тахассуси он қаробат доранд, ҳимояи якдафъаина ташкил намояд.

37. Барои ташкили ҳимояи якдафъаина ба ҳайати Шўро бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда мутахассисон аз рўи ихтисоси диссертатсия илова мегарданд:

– барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рўи ихтисос на кам аз 2 доктори ҳабилитат ё доктори илм (барои ихтисосҳои нодир 1 доктори ҳабилитат ё доктори илм);

– барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат на кам аз 5 доктори ҳабилитат ё доктори илм.

38. Роҳбари илми (ё мушовир)-и довталаб ба ҳайати ин Шўро дохил шуда наметавонад.

39. Роҳбари Муассиса ё раиси Шўро барои ташкили ҳимояи якдафъаина ҷиҳати дохил намудани аъзои иловагӣ ба Комиссия дархост ирсол менамояд. Ба дархост ҳамаи ҳуҷҷатҳоеро, ки барои аъзои Шўро Низомномаи мазкур муқаррар кардааст, замима менамояд.

40. Ҳангоми ба охир расидани муҳлати фаъолияти Шўро Муассиса бо дархост ҷиҳати тамдиди фаъолияти он ба Комиссия муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро тибқи талаботи Низомномаи мазкур замима менамояд (замимаи 3). Дар ин сурат Шўро вазифадор аст, ки 2 моҳ пеш аз ба охир расидани муҳлати фаъолияти худ ҳуҷҷатҳои лозимаро ба Комиссия пешниҳод намояд. Қабул, баррасӣ ва ҳимояи диссертатсия пас аз анҷоми фаъолияти Шӯро то тамдиди он, қатъиян манъ аст.

41. Муҳлати баррасии дархости Муассиса оид ба таъсиси Шўро дар Комиссия аз лаҳзаи воридшавии ҳуҷҷатҳои зарурӣ то 6 моҳ муқаррар мегардад.

Бозгашт ба мундариҷа

3. ТАШКИЛИ КОРИ ШЎРО

42. Шакли асосии фаъолияти Шўро маҷлис мебошад. Маҷлиси Шўро дар сурате босалоҳият ҳисобида мешавад, ки агар на кам аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои он иштирок намоянд. 16

Салоҳиятнокии маҷлис бо нишон додани ному насаби иштироккунанда аз рўи варақаи ҳузурӣ бо имзои раис ва котиби илмӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми ҳимояи диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўи ихтисос иштироки на кам аз 3 доктори илм ё доктори ҳабилитат ва 2 номзади илм ё доктори фалсафа (PhD),доктор аз рўи ихтисос, ки аз рўи ихтисоси илмии диссертатсия мутахассис ба ҳисоб мераванд, ҳатмӣ мебошад. Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат иштироки на кам аз 5 доктори илм ё доктори ҳабилитат зарур мебошад.

43. Қарори Шўро оид ба масъалаи додани дараҷаи илмӣ дар сурате қабулшуда ҳисобида мешавад, ки агар ба тарафдории он на кам аз се ду ҳиссаи аъзои дар маҷлис иштирокдоштаи Шўро овоз дода бошанд. Ҳузури аъзои Шўро дар маҷлис дар пайнавис (стенограмма) ва сабти аудио-видеоӣ дарҷ карда мешавад.

44. Ба маҷлиси Шўро раиси Шўро роҳбарӣ мекунад. Ҳангоми бо сабабҳои узрнок ҳузур надоштани ӯ, вазифаи раис ба уҳдаи муовини ў вогузор мегардад. Агар раис (муовини раис)-и Шўро хешованди наздики довталаби дараҷаи илмӣ бошад, ҳуқуқи роҳбарии маҷлисро надорад. Дар мавриди имконнопазир будани иҷрои вазифа аз тарафи раис ва муовини раиси Шўро маҷлис ба вақти дигар ба муҳлати на кам аз 10 рўз гузаронида мешавад. Дар ин хусус қарори Шўро ба парвандаи аттестатсионӣ замима мегардад. Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда бо сабабҳои беморӣ, эпидемия, ҳодисаҳои техногенӣ ва ѓайра, ки ҳузури раис ва муовини ўро дар кори Шўро зиёда аз як моҳ истисно менамояд, бо қарори Шўро баъди гирифтани иҷозати Комиссия вазифаи раисикунанда мумкин аст ба уҳдаи яке аз аъзои собиқадори ботаҷрибаи он вогузор гардад.

45. Дар мавриди дар маҷлис ҳузур надоштани котиби илмии Шўро ва роҳбари илми (мушовир)-и довталаб будани ў, ё хешу табори наздики довталаб ва роҳбари илми (мушовир)-и ӯ будан бо овоздиҳии ошкоро иҷрои вазифаи котиби илмӣ ба уҳдаи яке аз аъзои Шўро вогузор мегардад. Котиби илмии Шўро, чун қоида, бояд корманди басти доимии Муассиса бошад. Агар ҳамзамон раис, муовини раис ва котиби илмӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонанд, маҷлиси Шўро гузаронида намешавад.

46. Шўро метавонад дар як рўзи корӣ на зиёда аз 2 маҷлис баргузор намояд. Дар як маҷлис ҳимояи як диссертатсия иҷозат дода мешавад. Ба таври илова дар маҷлис Шўро метавонад масъалаи қабули диссертатсия ба ҳимоя ва масъалаҳои дигари ташкилиро баррасӣ намояд.

47. Протоколи маҷлиси Шўро дар асоси пайнавис (стенограмма) ва сабти аудио-видеоӣ мураттаб ва барасмият дароварда шуда, аз тарафи раис ва котиби илмӣ имзо карда мешавад. Дар протоколи Шўро оѓоз ва анҷоми маҷлис, ҳузури аъзо, аз ҷумла аъзо аз рўи ихтисоси ҳимояшаванда ва мутахассисон аз рӯи ҳимояи якдафъаина қайд карда мешаванд.

48. Дар протоколи маҷлиси Шўро бояд ҷараёни кори он, саволу ҷавоб бо довталаб, суханронии муқарризони расмӣ ва ѓайрирасмӣ, баҳсу мунозираҳо доир ба диссертатсия, натиҷаи овоздиҳӣ ва раванди тасдиқи протоколи овоздиҳии пинҳонӣ бояд пурра инъикос карда шаванд. Дар ҳолати вайрон шудани қоидаҳои овоздиҳии пинҳонӣ ҳайати комиссияи ҳисоб иваз карда шуда, овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад.

49. Протоколи маҷлиси Шўро бо овоздиҳии ошкоро бо тарафдории аксарияти аъзои Шўро тасдиқ карда мешавад.

50. Пайнавис (стенограмма) ва навори видеоии ба протоколи маҷлиси Шўро замимагардида ба Комиссия ирсол карда шуда, нусхаи он муддати як сол дар Шўро нигоҳ дошта мешаванд.

Бозгашт ба мундариҷа

4. ҚАБУЛИ ДИССЕРТАТСИЯ ВА ЭКСПЕРТИЗАИ ОН

51. Шўро барои баррасӣ диссертатсияеро қабул мекунад, ки ба он муассисаи мавзўъ ва роҳбари илмии довталабро тасдиқнамуда хулосаи мусбат дода бошад. Диссертатсия бояд ба ихтисосҳо ва соҳаи илме, ки аз рўи онҳо ба Шўро ҳуқуқи гузаронидани ҳимоя дода шудааст, мутобиқ бошад.

52. Довталаби дараҷаи илмӣ, ки диссертатсияи ў аз тарафи Муассиса ба ҳимоя тавсия шудааст, ба Шўро ҳуҷҷатҳо ва маводи заруриро тибқи банди 57 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ пешниҳод менамояд.

53. Диссертатсия ба Шўро тибқи муқаррароти Комиссия дар шакли дастнависи компютерии бо барномаи антиплагиат санҷидашуда пешниҳод карда мешавад.

54. Баъди аз ҷониби Шўро ба ҳимоя қабул шудани диссертатсия ворид намудани тағйиру иловаҳо ба матни он, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба матни автореферати диссертатсия манъ аст. Довталаб метавонад ба матни диссертатсия ва автореферати он тағйиру иловаҳо ворид намояд, агар диссертатсияро бо тартиби муқарраргардида аз ҳимоя бозхонд намуда бошад.

55. Котиби илмии Шўро парвандаи аттестатсионии пешниҳодгардидаро тибқи талаботи муқарраршуда санҷида, дар дафтари сабт ба қайд мегирад.

56. Дар мавриди мутобиқати ҳуҷҷатҳо ба талаботи муқарраршуда Шўро дар бораи гузаронидани экспертизаи диссертатсия ва таъйини комиссияи экспертӣ қарор қабул мекунад. Тартиби таъйини комиссияи экспертӣ ва гузаронидани экспертиза тибқи бандҳои 57-60 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ сурат мегирад.

57. Барои рад намудани баррасии минбаъдаи диссертатсия инҳо асос шуда метавонанд:

– хулосаи манфӣ аз рўи натиҷаи экспертиза;

– мутобиқат накардани ихтисоси диссертатсия ба ихтисосҳо ва (ё) соҳаҳои илми ба Шўро вогузоршуда;

– имконнопазир будани ташкили ҳимояи якдафъаина.

58. Шахсони зерин эксперти диссертатсия шуда наметавонанд:

– раиси Шўро;

– роҳбари муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст;

– роҳбари илмӣ (мушовир);

– ҳаммуаллифони таълифоти довталаб;

– хешовандони наздики довталаб ва роҳбар (мушовир)-и илмии ў (падар, модар, зан, шавҳар, фарзанд, бародар ва хоҳар);

– шахси зертобеи довталаб;

– корманди басти кории Комиссия;

– узви шўрои экспертии дахлдори Комиссия.

– узви Раёсати Комиссия.

59. Шўро ҳуқуқ дорад, аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, маводи иловагӣ талаб намояд.

60. Шўро дар асоси хулосаи комиссияи экспертӣ дар хусуси ба баррасӣ қабул шудан ё нашудани диссертатсия ба довталаб иттилоъ медиҳад.

61. Ҳангоми мусбат арзёбӣ шудани натиҷаи экспертизаи диссертатсия Шўро бо қарори худ диссертатсияро ба ҳимоя қабул намуда, муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбарро тибқи бандҳои 67, 69 ва 74-75 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ таъйин менамояд. Инчунин дар мавриди зарурӣ масъалаи ташкили ҳимояи якдафъинаи диссертатсияро бо тартиби муқарраргардида ҳал менамояд.

62. Муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар вазифадоранд, ки дар муҳлати муқарраршуда тақризҳоро омода намоянд. Агар тақризи муқарризи расмӣ, муассисаи пешбар ба талаботи муқарраршуда ҷавобгў набошад, Шўро ҳуқуқ дорад, ки онро барои коркард баргардонад ё муқарризи расмӣ ва муассисаи пешбарро иваз кунад. Дар ин ҳолат санаи нави ҳимояи диссертатсия муқаррар карда мешавад.

63. Баъди ба ҳимоя қабул намудани диссертатсия матни пурра ва автореферати он, инчунин эълони санаи ҳимоя дар муҳлати на дертар аз 10 рўз дар сомонаҳои Муассиса ва Комиссия ҷойгир карда мешавад.

64. Муҳлати баррасии диссертатсия дар Шўро аз вақти қабули он то баргузории ҳимоя барои диссертатсия оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рўи ихтисос, номзади илм бояд на зиёда аз 3 моҳ ва барои диссертатсия оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат на зиёда аз 4 моҳ бошад. Матнҳои диссертатсия ва автореферати ба ҳимоя қабулшудаи довталаби дараҷаи илмӣ то 7 моҳи дигари баъди ҳимоя ва қабули қарори дахлдори Раёсати Комиссия дар сомонаи расмии Комиссия ва сомонаи Муассиса маҳфуз мемонанд.

65. Автореферати диссертатсия ба суроѓаи муассисаҳо аз рўи феҳристи ҳатмӣ ва дахлдор на дертар аз 1 моҳ то рўзи ҳимоя ирсол карда мешавад. Як нусхаи диссертатсия ва ду нусхаи автореферат ба китобхонаи Муассиса супорида мешавад.

66. Дар автореферат бояд суроѓа, сана ва соати баргузории маҷлиси Шўро оид ба ҳимояи диссертатсия нишон дода шавад. Ба ѓайр аз ин, дар автореферат имзои довталаб ва котиби илмии Шўро гузошта мешавад.

67. Эълони ҳимояи диссертатсия дар сомонаи Комиссия барои диссертатсияҳои доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рўи ихтисос ва номзади илм на дертар аз 2 моҳ ва барои диссертатсияҳои доктори илм ва доктори ҳабилитат на дертар аз 3 моҳ пеш аз ҳимоя ҷойгир карда мешавад.

68. Эълони ҳимояи диссертатсия дар Муассиса на дертар аз 5 рўз пеш аз ҳимоя бо нишон додани сана, вақт ва ҷои баргузоршавии маҷлиси Шўро насб карда мешавад. Ҳангоми ба вақти дигар гузаронидани санаи ҳимоя Шўро вазифадор аст, ки Комиссияро дар ин хусус бо нишон додани сабабҳои он огоҳ намуда, эълони навро дар сомонаи Муассиса ҷойгир намояд.

69. Шўро вазифадор аст, ки тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва тақризҳои дигари воридшударо на дертар аз 10 – 20 рўз пеш аз ҳимояи диссертатсия дар сомонаи Муассиса ҷойгир намуда, довталабро бо онҳо шинос намояд.

70. Хулосаи ниҳоии Шўро оид ба диссертатсия дар шакли лоиҳа бо пешниҳоди раиси Шўро аз ҷониби яке аз аъзои комиссияи экспертӣ дар асоси таҳлили тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва тақризҳои дигари воридшуда таҳия карда мешавад (замимаи 4).

71. Агар диссертатсия аз рўи ду ихтисос пешниҳод шуда бошад, дар лоиҳаи хулосаи Шўро бо дарназардошти нуктаҳои дар замимаи 4 зикршуда бояд қайд карда шавад, ки довталаб аз рўи ҳар ду ё яке аз ихтисосҳо ба дараҷаи илмӣ сазовор дониста мешавад.

72. Хулосаи Шўро ба Комиссия бояд дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда шавад.

Бозгашт ба мундариҷа

5. ҲИМОЯИ ДИССЕРТАТСИЯ

73. Ҳимояи диссертатсия дар маҷлиси Шўро ошкоро, бо мубоҳисаи илмӣ, серталабӣ, воқеъбинӣ, масъулиятшиносӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ сурат мегирад.

74. Раванди ҳимоя бояд фарогири масъалаҳои зерин бошад:

– мутобиқати тахассуси довталаб ба ихтисоси илмии интихобшуда;

– мутобиқати диссертатсия ба ихтисосҳо ва соҳаҳои илме, ки ба Шўро вогузор шудааст;

– мубрамияти мавзўи диссертатсия;

– сатҳи баланд ва навгониҳои илмии таҳқиқот;

– боэътимод ва асоснок будани натиҷаҳо, хулоса ва тавсияҳое, ки дар диссертатсия баррасӣ шудаанд;

– саҳми шахсии довталаб дар бораи натиҷаҳои бадастовардашуда;

– аҳамияти илмӣ, амалӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии натиҷаҳои диссертатсия;

– истифодаи натиҷаҳои он дар истеҳсолот;

– риояи талабот оид ба таълифи диссертатсия;

– мутобиқати барасмиятдарории диссертатсия ба талаботи Комиссия.

75. Нисбат ба диссертатсия ҳар шахс метавонад андешаҳои худро пеш аз ҳимоя, дар ҷараёни ҳимоя ва баъди ҳимоя ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ иброз намояд.

76. Дар оғози маҷлис раис дар асоси варақаи сабти ҳузури аъзои Шўро (замимаи 5) дар бораи салоҳиятнок будани маҷлис ҳозиринро огоҳ карда, рўзномаи онро эълон мекунад, ки он ба протокол ҳамроҳ карда мешавад.

77. Иштироки муқарризони расмӣ дар ҳимояи диссертатсия ҳатмӣ мебошад. Дар мавриди бо сабабҳои узрнок иштирок надоштани яке аз муқарризони расмӣ гузаронидани ҳимоя дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар ў ба диссертатсия тақризи мусбат пешниҳод карда бошад. Дар ҳолатҳои истисноӣ муқарризони расмӣ метавонанд ба таври фосилавӣ (on-line) дар ҳимоя иштирок намоянд.

78. Раиси Шўро дар маҷлис насаб, ном, номи падари довталаб, мавзўи диссертатсия, ихтисос ва соҳаи илмеро, ки аз рўи он диссертатсия ба ҳимоя пешниҳод карда шудааст, муассисаи пешбар, насаб, ном, номи падар, дараҷаи илмӣ, вазифа ва ҷойи кори муқарризони расмӣ, аъзои Шўроро, ки мутахассисон оид ба тахассуси диссертатсия мебошанд, эълон мекунад.

79. Котиби илмии Шўро бо муҳтавои асосии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталаб ҳозиринро шинос карда, дар бораи мутобиқати онҳо ба талаботи муқарраршуда иттилоъ медиҳад. Дар сурати доир намудани ҳимояи такрории диссертатсия, оид ба ҳимояи аввалаи он низ иттилоъ дода мешавад.

80. Лоиҳаи хулосаи Шўро оид ба диссертатсия ба аъзои Шўро барои шиносоӣ пеш аз оѓози маҷлис пешниҳод карда мешавад.

81. Барои маърўза ба довталаби дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рўи ихтисос ва номзади илм то 20 дақиқа ва барои доктори ҳабилитат ва доктори илм то 40 дақиқа вақт дода мешавад. Пас аз он дар маҷлис саволу ҷавоб бо довталаб ба тариқи музокира сурат мегирад.

82. Баъд аз ҷавоби довталаб ба саволҳои аъзои Шўро ва иштирокчиёни дигар сухан ба роҳбар (мушовир)-и илмӣ дода мешавад. Дар баромади роҳбар (мушовир)-и илмӣ баҳои илмии диссертатсия, тавсифномаи фаъолияти илмӣ, илмӣ-омўзгорӣ ва истеҳсолии довталаб, ҳамчунин сазовор будани ў ба дараҷаи илмӣ қайд карда мешавад. Дар ҳолати ҳузур надоштан ва ё бо хоҳиши роҳбар (мушовир)-и илмӣ котиби илмӣ метавонад тақризи ўро қироат намояд.

83. Котиби илмии Шўро ҳозиринро бо хулоса оид ба натиҷаҳои экспертизаи муқаддамотии диссертатсия, тақризи муассисаи пешбар (пурра қироат мекунад), тақризҳои дигар оид ба диссертатсия ва автореферати он ки ба Шўро ворид шудаанд, шинос мекунад. Бо ризоияти Шўро котиби илмӣ метавонад шарҳи тақризҳоро оид ба диссертатсия ва автореферати он, бо қироати ҳатмии эродҳои дар он қайдшуда пешниҳод намояд. Тақризҳои манфӣ пурра қироат мешаванд.

84. Баъди шинос намудани ҳозирин бо тақризҳо сухан ба довталаб барои ҷавоб додан ба эродҳои дар тақризҳо ҷойдошта дода мешавад.

85. Пас аз анҷоми ҷавобҳои довталаб сухан ба муқарризони расмӣ дода мешавад. Муқарризон эродҳои ҷойдошта ва баҳои ниҳоиро ба диссертатсия, ки дар тақризҳо ҷой доранд, пурра қироат мекунанд. Дар мавриди ҳозир набудани яке аз муқарризон тақризи ў аз тарафи котиби илмии Шўро қироат карда мешавад.

86. Баъд аз суханронии ҳар як муқарриз ба довталаб барои ҷавоб гуфтан иҷозат дода мешавад.

87. Аъзои Шўро, ки оид ба ихтисоси диссертатсия мутахассис муқаррар шудаанд, вазифадоранд дар мубоҳиса иштирок кунанд ва ба диссертатсия баҳои асоснок диҳанд.

88. Ҳар як иштироккунандаи маҷлиси Шўро ҳуқуқ дорад, ки ба ҳайси муқарризи ғайрирасмӣ баромад намояд. Дар ҷараёни мубоҳиса довталаб ба эродҳои гирифтаи муқарризони ғайрирасмӣ ҷавоб медиҳад.

89. Баъди ба итмом расидани мубоҳисаҳо Шўро ба тартиби муқарраргардида овоздиҳии пинҳонӣ мегузаронад. Натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо протоколи комиссияи ҳисоб ба расмият дароварда мешавад.

90. Лоиҳаи хулосаи Шўро аз рўи ҳимояи диссертатсия муҳокима шуда, протоколи маҷлис бо овоздиҳии ошкоро тасдиқ карда мешавад.

91. Дар мавриди манфӣ будани натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Шўро доир ба диссертатсия хулоса қабул намекунад.

92. Довталаб тибқи банди 101 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ҳуқуқ дорад, то оғози овоздиҳии пинҳонӣ бо ариза диссертатсияашро аз баррасии Шўро бозпас гирад. Шўро дар ин хусус ба Комиссия иттилоъ медиҳад.

93. Ба ғайр аз як нусхаи диссертатсия, ки якҷо бо ҳуҷҷатҳои дигари парвандаи аттестатсионӣ дар Шўро ба тартиби муқарраргардида маҳфуз дошта мешавад, ҳуҷҷатҳои дигар ба довталаб баргардонида мешаванд. Довталаб метавонад пас аз як сол баъди коркарди иловагӣ диссертатсияро такроран ба ҳимоя пешниҳод намояд.

94. Дар сурати ошкор гардидани сохтакорӣ, таҳриф, асардуздӣ ва хариду фурўши натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ Шўро бо қарори худ бе ҳуқуқи ҳимояи такрорӣ диссертатсияро аз баррасии минбаъда бозпас гирифта, нусхаи қарорро бо замимаи протоколи маҷлис ба Комиссия ирсол мекунад.

95. Ҳангоми аз ҷониби Шўро қабул шудани қарори мусбат нусхаҳои диссертатсия ва автореферати он дар муддати 20 рўз ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои дигари дахлдор ба тартиби муқарраргардида ирсол карда мешаванд.

96. Аз рўи натиҷаи баррасии диссертатсия Шўро дар муддати то 30 рўз парвандаи аттестатсионии довталабро ба Комиссия пешниҳод менамояд. Ҳангоми ба Комиссия саривақт пешниҳод нагардидани парвандаи аттестатсионӣ раиси Шўро дар мактуби ҳамроҳ сабабҳои таъхири онро тавзеҳ медиҳад. Дар сурати бе сабабҳои узрнок ба таъхир андохтани пешниҳоди парванда Комиссия Шўроро огоҳ менамояд.

97. Ҳуҷҷатҳои аттестатсионии довталаб ба Комиссия бояд дар шакли саҳифабандишуда (замимаи 6) ба забоне пешниҳод гардад, ки диссертатсия таълиф шудааст.

98. Ҳангоми қабули қарори манфӣ Шўро ба Комиссия нусхаи хулосаро оид ба натиҷаҳои экспертизаи аввалияи диссертатсия, автореферати диссертатсия, нусхаи тақризҳои ба он воридшуда, тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва протоколи маҷлиси Шўроро ирсол менамояд. Ба протоколи маҷлис маълумотномаи мураттабнамудаи котиби илмии Шўро ҳамчун асос барои қабули қарор замима мегардад, ки он бояд фарогири эродҳои дар тақризҳои расмӣ оид ба диссертатсия ва автореферат ҷойдошта, ҳангоми ҳимоя баёншударо дарбар гирад. Маълумотнома бо имзои раис ва котиби илмии Шўро таҳия шуда, аз ҷониби роҳбари Муассиса тасдиқ карда мешавад.

99. Довталаб ҳуқуқ дорад дар муддати на зиёда аз 1 моҳ пас аз қабули қарори манфии Шўро ба Комиссия шикоят намояд. Баррасии шикоят аз ҷониби Комиссия бо тартиби муқарраргардида сурат мегирад.

100. Ҳимояи такрории диссертатсияи азнавкоркардшуда на барвақттар аз як сол пас аз қабули қарори манфии Шўро иҷозат дода мешавад.

101. Дар хулосаи муассисае, ки экспертизаи аввалияи диссертатсияи азнавкоркардшударо гузаронидааст, бояд таѓйиру иловаҳои муҳими воридкардашуда қайд карда шаванд. Ҳимояи такрории диссертатсия бо иваз намудани муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар баргузор мегардад.

102. Дар сурати аз ҷониби Шўро баргузор намудани ҳимояи диссертатсия баъди гузаштани муҳлати ваколати он, ҳимоя беэътибор дониста мешавад.

103. Дар сурати тибқи замимаи 6 ба Комиссия пешниҳод нагардидани парвандаи аттестатсионии довталаб ва риоя нашудани тартиби барасмиятдарории он Комиссия парвандаро ба Шўро барои коркард бармегардонад. Дар ин ҳолат муҳлати баррасии диссертатсия дар Комиссия аз лаҳзаи қабули маводи такмилшуда мутобиқи талаботи муқарраргардида ҳисобида мешавад.

104. Ҳангоми мавҷуд будани эродҳои шўрои экспертӣ дар хусуси барасмиятдарории техникии хулоса оид ба диссертатсия Шўро вазифадор аст, ки онҳоро дар муддати даҳ рўз ислоҳ кунад. Ин вақт ба муҳлати муқарраршудаи баррасии диссертатсия дар Комиссия дохил намешавад.

Бозгашт ба мундариҷа

6. ТАРТИБИ ОВОЗДИҲИИ ПИНҲОНӢ

105. Барои овоздиҳии пинҳонӣ дар ҳайати се нафар аз ҷумлаи аъзои Шўро комиссияи ҳисоб интихоб карда мешавад.

106. Дар овоздиҳии пинҳонӣ он аъзои Шўро иштирок карда метавонад, ки агар дар маҷлис аз аввал то ба охир иштирок карда, дар варақаи ҳузур имзо гузошта бошад.

107. Дар мавриди бо сабабҳои узрнок тарк кардани маҷлис аъзои Шўро вазифадор аст, ки дар ин хусус котиби илмиро огоҳ намояд. Котиби илмӣ ба варақаи ҳузур қайди дахлдорро ворид менамояд.

108. Комиссияи ҳисоб бюллетенҳоро (замимаи 7) омода намуда, ба аъзои Шўро бо гирифтани имзои онҳо тақсим мекунад. Бюллетенҳои тақсимнашуда бо қайди дахлдор то оѓози овоздиҳии пинҳонӣ дар комиссияи ҳисоб нигоҳ дошта мешавад. Пеш аз овоздиҳии пинҳонӣ комиссияи ҳисоб шаффофияти қуттии бюллетенҳоро месанҷад.

109. Аъзои Шўро дар овоздиҳии пинҳонӣ иштирок намуда, тибқи муқаррарот ба тарафдорӣ ё муқобили лоиҳаи қарор овоз медиҳад. Овоздиҳии аъзои Шўро махфӣ буда, ба назорат аз болои он роҳ дода намешавад. Инчунин вогузор намудани ҳуқуқи овоздиҳӣ ба аъзои дигари Шўро манъ аст. Ҳангоми риоя нагардидани қоидаи мазкур овоздиҳии такрорӣ гузаронида мешавад.

110. Комиссияи ҳисоб натиҷаи овоздиҳиро аз рўи бюллетенҳои истифодашуда муайян мекунад.

111. Аз рўи натиҷаи ҷамъбасти овоздиҳӣ протоколи (замимаи 8) маҷлиси комиссияи ҳисоб мураттаб карда шуда, он бо бюллетенҳои истифодашуда ва тақсимнашуда ба котиби илмии Шўро супорида мешаванд.

112. Протоколи маҷлиси комиссияи ҳисоб ва варақаи ҳузур ба протоколи маҷлиси Шўро замима карда шуда, бюллетенҳои истифодашуда ва тақсимнашуда дар лифофа ҷойгир, ширеш ва муҳр гузошта мешавад. Ҳуҷҷатҳои мазкур то қабул гардидани қарори ниҳоии Раёсати Комиссия аз рўи масъалаи додан ё надодани дараҷаи илмӣ ҳамроҳ бо парвандаи аттестатсионии довталаб то муддати 6 моҳ дар Шўро маҳфуз дошта мешаванд.

113. Дар сурати аз ҷониби Шўро риоя нагардидани тартиби муқарраршудаи баррасии диссертатсия Комиссия ҳуқуқ дорад қарори Шўроро оид ба додани дараҷаи илмӣ бекор намуда, диссертатсияро барои ҳимояи такрорӣ баргардонад.

Бозгашт ба мундариҷа

7. МАҲРУМ ВА БАРҚАРОР КАРДАНИ ДАРАҶАИ ИЛМӢ

114. Шўро доир ба маҳрум ва барқарор кардани дараҷаи илмӣ тибқи Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ қарор қабул мекунад.

Бозгашт ба мундариҷа

8. ТАЪМИНОТИ МОДДӢ-ТЕХНИКИИ ШЎРО ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОН

115. Муассиса таъминоти моддӣ-техникӣ ва шароити мусоидро барои фаъолияти Шўро фароҳам месозад. Барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои Шўро бо муҳри Муассиса тасдиқ карда мешавад.

116. Дар сурати таъсис додани Шўрои муштарак таъминоти моддӣ-техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти Шўро тибқи шартномаи тарафҳо амалӣ карда мешавад.

117. Назорат аз болои фаъолияти Шўро аз ҷониби Комиссия амалӣ карда мешавад.

118. Шўро вазифадор аст, ки ба Комиссия то 15 январи соли тақвимӣ ё 15 рўз пас аз санаи хотима ёфтани ваколати худ аз рўи шакли муқарраршуда ҳисобот пешниҳод кунад.

119. Дар мавриди ба охир расидани муҳлати ваколати Шўро фаъолияти он аз тарафи Комиссия тибқи банди 40 Низомномаи мазкур ба муҳлати то 5 сол метавонад тамдид карда шавад. Дар ин сурат Муассиса ба Комиссия на дертар аз 2 моҳ то ба охир расидани муҳлати ваколати Шўро бо замима намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ (замимаи 3) дархост манзур менамояд.

120. Боздоштани фаъолияти Шўро бо қарори Раёсати Комиссия дар ҳолати риоя нагардидани талаботи банди 7 Низомномаи мазкур бо роҳи ба таври хаттӣ огоҳ кардани роҳбари Муассиса ба муҳлати то 6 моҳ амалӣ карда мешавад. Шўро аз лаҳзаи боздошта шудани фаъолияташ ҳуқуқ надорад, ки диссертатсияро ба баррасӣ қабул кунад. Шўро дар ин муддат хатоҳои роҳдодашударо ислоҳ намуда, метавонад ба Комиссия оид ба бекор карда шудани боздории фаъолияташ масъала гузорад.

121. Фаъолияти Шўро дар ҳолатҳои зерин қатъ гардонида мешавад:

– дар ҳолати бартараф накардани камбудиҳо;

– такроран риоя нагардидани талаботи бандҳои 7 ва 120 Низомномаи мазкур;

– такроран гузаронидани ҳимояи диссертатсия бо теъдоди нокифояи мутахассисони соҳа;

– ба охир расидани муҳлати фаъолият ва пешниҳод нагардидани дархост ҷиҳати тамдиди он;

– ошкор гардидани ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ;

– баргузор намудани ҳимояи диссертатсия дар мавриди ошкор будани амали ношоистаи илмии довталаб.

122. Комиссия баррасии диссертатсияҳоеро, ки то тамдид, эълони боз доштан ё қатъ гардонидани фаъолияти Шӯро ба баррасӣ қабул шудаанд, тибқи муқаррарот ҳал менамояд.

Бозгашт ба мундариҷа

9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

123. Иҷрои талаботи Низомномаи мазкур барои ҳамаи муассисаҳое, ки дар наздашон шўроҳо амал мекунанд, ҳатмӣ мебошад.

124. Шўро баррасии диссертатсияҳоеро, ки дорои сирри давлатӣ ё хидматӣ мебошанд, бо риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ ва мутобиқи Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

125. Шўро масъалаҳои дигареро, ки дар Низомномаи мазкур танзим нагардидаанд, тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамояд.

Бозгашт ба мундариҷа