Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA)
6 феврали соли 2024 дар шаҳри Токио мулоқоти ҳайати намояндагони донишгоҳ ва донишкадаҳои тадқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танака баргузор гардид.
Дар мулоқот атрофи мавзӯъҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Япония дар бахшҳои таълим, илм ва технология мубодилаи афкор сурат гирифт.