Озмоишгоҳи бехатарии биологӣ

Мудири озмоишгоҳи бехатарии биологӣ
д.и.б., профессор

Носирова Фирӯза Юсуфовна

Амнияти озуқаворӣ ҷузъи муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», ки 27.11.2014сол таҳти №1158, қабул карда шуд, самтҳои асосии сиёсати ҶТ-ро дар доираи таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҷузъи бехатарии давлат вобаста ба принсипҳо ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ ба танзим медарорад. Тибқи қонун, дар доираи самтҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ва мустақилият инҳоянд:   

  • таъмин намудани истеҳсоли ашёи хоми кишоварзӣ ва ғизои тайёре, ки ба талаботҳои регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва қоидаҳо ҷавобгӯ мебошанд;
  • таъмин намудани воридоти бехавф тибқи талаботҳои регламентҳои техникӣ, стандартҳо ва қоидаҳо;
  • мониторинги вазъи бозори озуқаворӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ;

Бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (таҳти №108 аз 30.11.2015 сол) дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Озмоишгоҳи бехатрии биологӣ»  таъсис дода шуд.

Мақсади озмоишгоҳ:

  • Коркард ва истифодабарии усулҳои нави ташхис барои ошкор намудани агентҳои биологӣ, токсинҳо ва олудакунандагони химиявӣ дар маҳсулотҳои хӯрокворӣ ва зироатҳои кишоварзӣ, мониторинги марҳилаи имконпазири сироят дар занҷири истеҳсол бо мақсади ташкили минбаъдаи модели баҳодиҳии экосистемаҳо ва хатарҳо дар ин самт мебошад.

Вазифаҳои озмоишгоҳ:

  1. Таъсиси махзани маълумот ва тавсияҳо оид ба ташкили минбаъдаи моделҳои таҳлили экосистема ва хатарҳо.
  2. Истифодаи технологияҳои таҳияшуда барои ошкор кардани моддаҳои кимиёвӣ ва токсинҳо дар ғизо ва додани маслиҳат ба мақомоти расмии танзимкунанда оид ба чӣ гуна коҳиш додани олудашавии эҳтимолии ғизо бо моддаҳои кимиёвӣ ва токсинҳо;   
  3. Кумак намудан ба истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони маҳаллӣ барои сертификатсия кардани маҳсулоти озуқаи содиротии худ мутобиқи стандартҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Савдо (ТУС), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурусти (ТУТ) ва Созмони озуқа ва кишоварзии (СММ).

Ташхисҳое, ки дар озмоишгоҳ гузаронида мешаванд:

  1. Назорат оиди мубориза бар зидди моддаҳои биологӣ ва токсинҳо, ки метавонанд ба зироатҳо ва маҳсулоти хӯрокворӣ таҳдид кунанд, инчунин таҳияи усулҳои экспрессӣ муайян кардани онҳо;
  2. Муайян кардан ва мониторинги агентҳои патогенӣ, ки аз намунаҳои хок ва оби минтақаҳои кишт гирифташудааст;          
  3. Таҳлили заҳролудшавии кимиёвии маҳсулоти хӯрокворӣ: муайян кардани ионҳои нитрат ва нитрит дар маҳсулоти гӯштӣ; муайян кардани унсурҳои заҳрноки Zn, Cd, Pb, Cu, Co, As, Fe, Al дар маҳсулоти хӯрокворӣ, об ва ҳаво дар ҷои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ; муайян намудани ифлоскунандаҳои органикии доимӣ (пеститсидҳо ва диоксинҳо) дар маҳсулоти хӯрокворӣ;
  4. Таҳлили ифлоскунандаи биологӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ: муайян кардани микотоксинҳо, антибиотикҳо, гормонҳо ва стимуляторҳо, инчунин муайян кардани аллергенҳо (иммуноглобулин Е);
  5. Баҳодиҳии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз технологияҳои нав ба монанди тағирёбии генетикӣ ба даст омадаанд;
  6. Муайян кардан ва ошкор кардани маҳсулоти ГМО.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

  • Институти тиҷорат ва технологияи Гансу Чин
  • Донишгоҳи Ланчжоу (Lanzhou University) Чин
  • Институти генетика ва ситологияи Академии милии илмҳои Ҷумҳурии Беларус
  • Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид — (ФАО)
  • Созмони умумиҷаҳонии тандурусти   (WHO)
  • Барномаи рушди СММ (ПРООН)
  • Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО)
  • Донишгоҳи давлатии аграрии ш.Қазон, Россия
  • Маркази байналмилалии илм ва технология (МБИваТ)
  • Институти Давлатии Байналмилалии ба номи. А.Д. Сахарова, ш.Минск, Ҷумҳурии Беларус

Созишномаҳои ҳамкорӣ:

  • Феврали соли 2018 Меморандум оид ба ҳамкорӣ миёни «Институти тиҷорат ва технологияи Гансуи» Ҷумҳурии халқии Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба имзо расид
  • 30 –уми марти 2018 – Ҷаласаи якуми Шӯро байни Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гашта, созишномаи ҳамкориро ба имзо расониданд.
  • 11-уми июли соли 2019 – Созишнома дар бораи таъсиси озмоишгоҳи муштараки таҳқиқоти бехатарии маҳсулоти хӯроквории Тоҷикистону Чин дар пойгоҳи Озмоишгоҳи бехатарии биологии ИБФ ва ГР АМИТ ба имзо расид.

КОРМАНДОНИ ОЗМОИШГОҲ

Ходими калони илмӣ
Баротов Самариддин Сабзалиевич
Мутахассиси пешбари илмӣ, д.и.б.
Нигмонов Муқбил
Мутахассиси пешбари илмӣ,, н.и.б. Мамадюсуфова Мену Гуломайдаровна

PhD ва унвонҷӯён

Унвонҷӯй-докторант, н.и.к
Ҷумаев Комрон
Усмонович
PhD – донишҷӯ, лаборант
Дилшоди Хабибулло
PhD-донишҷӯ
Абдухолиқова Фарзона
PhD-донишҷӯ
Нуров Диловар
PhD-донишҷӯ
Муҳсин Гадоев

Магистр
Азам Қозизода

КИТОБҲО

Каталог ҳамчун маҳсулоти зеҳнӣ дар Маркази миллии патенти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи муаллифӣ – № (121) – 048 ҶТ (122) – 23.10.2007 сол.