ХАБАРҲО

Олими беҳтарини соҳаи кишоварзии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021

Партоев Қурбоналӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ дар соли 2021 бо Диплом ва нишони «Олими беҳтарини соҳаи кишоварзии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» сарфароз гардонида шуд.


Тоҷикистон ба ҳайси шарики GBIF ҳамроҳ шуд

Рӯйхати иштирокчиёни GBIF бо истиқболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шабака ба 104 нафар расид. Бо имзои Ёддошти тафоҳум аз ҷониби Фарҳод Раҳимӣ , президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), Тоҷикистон намояндагии GBIF дар Осиёи Марказиро афзоиш дод ва кишвари ҳамсояи Узбакистон дар соли 2020 ба он ҳамроҳ шуд.

Ба гайр аз академик Раҳимӣ ва профессор Саидов, ба ҳайати тозатаъйини Тоҷикистон дар GBIF, н.и.б., Бақохоҷа Бобозода , директори Институтти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ шомил шуд, ки гиреҳи нави масъули ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои миқёси миллии GBIF мебошад.