Озмоишгоҳи фотосинтез соли 1961 дар базаи Институти ботаника ташкил карда шуда буд. Дар соли 1964 бо қарори ҳукумат Институти физиология ва биофизикаи растаниҳо ташкил карда шуд ва худи хамон сол дар институт яке аз аввалин озмоишгоҳҳо — озмоишгоҳи биохимиявии фотосинтез ташкил карда шуд. Роҳбари илмии озмоишгоҳ, Академики АМИТ, профессор Ю.С. Носиров, ки то соли 1982 рохбарӣ мекард буд. Соли 1982 озмоишгоҳи энзимологияи молекулавӣ ба ҳайати он дохил шуд (мудири лаборатория Ю. Д. Ахмедов).
Дар ибтидои инкишофи институт дар озмоишгоҳ олимони машҳури республикаамон ва берун аз он кор мекарданд, ба монанди Ю.С. Носиров., Шокирова С.В., Никитина А., Бобоева Т.Н., Кичитов В.К. Ниёзмухамедова М.Б. , Милованова С ва дигарон.
Самтҳои озмоишгоҳ:
Консентратсиияи қуввахои озмоишгоҳ ба ҳалли проблемаҳои асосии биологияи хозира (фотосинтез, мубодилаи моддаҳо ва танзими генетикии протсессҳои ҳаёти растаниҳо) нигаронида шудааст.
Самти асосии кори озмоишгоҳ- омухтани фотосинтез ва мубодилаи фотосинтези карбон дар растаниҳои олӣ мебошад. Фотосинтез ва мубодилаи фотосинтези СО2 дар навъҳои гуногуни растанӣ дар таркиби гуногуни шароити муҳити зист, аз ҷумла дучоршавӣ ба шароити шадид, роҳҳои гуногуни биосинтези маҳсулоти фотосинтез ва мутобиқшавии мубодилаи фотосинтези карбон ба шароити иқлим омӯхта мешавад.
Озмоишгоҳи биохимияи фотосинтез дар Осиёи Миёна дар давоми бисёр солҳо яке аз марказхои илмӣ буда, бо проблемаҳои баланд бардоштани шиддати фотосинтез хамчун қисми муҳими протсесси истеҳсолот машғул аст. Ғайр аз ин, дар озмоишгоҳ тадқиқоти илмӣ дар соҳаи омухтани фотосинтез ва табдили фотосинтези СО2 дар навъхои гуногуни растаниҳо дар комбинатсияи гуногуни шароитхои муҳити зист, аз чумла таъсири шароити экстремалӣ, омузиши гуногунии роҳҳои биосинтези махсулоти фотосинтез ва ба шароити иклими куҳҳои баланд мутобиқ шудани мубодилаи карбон гузаронида мешаванд.
Дар айни замон кори коллектив асосан ба омухтани таъсири тағйирёбии иқлими ҷахонӣ ба протсессҳои физиологӣ ва биохимиявии растаниҳо барои ба тартиб андохтани фаъолияти хаётии растанихо дар шароити барои онхо номусоид нигаронида шудааст.
ГРАНТҲО
- «Таъсири радиатсияи ултрабунафш ва сатҳи CO2 ба фаъолияти ҳаётии растаниҳои болоӣ», (1996-1998), инчунин ISESCO – «Таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҷомеаҳои растанӣ» (2003-2005)
- Гранти ISTC дар мавзӯи: “Омӯзиши таъсири тағирёбии иқлим ба афзоиш, рушд ва ҳосилнокии гандум дар Тоҷикистон” (Т-1635)
- Кормандони озмоишгоҳ дар иҷрои лоиҳаҳое, ки аз тарафи МНТЦ дар Институти кимиёи ба номи В.И. Никитинаи АМИТ маблаггузорй карда шуданд, фаъолона иштирок карданд – Т-1419, Т-1420, Т-2148 ва Т-1436 (лоиҳаҳои Мухидинов З. ва Исабоев М.), инчунин лоиҳаи муштараки Т-2148
- Лоиҳаи муштараки «Стратегияи нави системаи парвариши зироатҳои лубиёгии ба иқлим мутобиқшуда дар Тоҷикистон» (SCALA) байни Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ (Душанбе) ва Маркази тадқиқоти ландшафтҳои кишоварзии Лейбниц (ZALF)
- Лоиҳаи минтақавии «Шӯъбаи захираҳои обёришавандаи Осиёи Марказӣ ба хушксолӣ ва шӯршавӣ дар шароити тағйирёбии иқлим (БИОВАТ)»
- REF-5024 (Лоиҳаи МАГАТЭ) Баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва устувории зироатҳои асосии ғизоӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба тағирёбии иқлим
ХАМКОРИҲОИ ИЛМӢ
- Институти кимиёи ба номи В. Никитини АМИТ
- Маркази тадқиқоти ландшафтҳои кишоварзии Лейбниц (ZALF)
- Академияи кишоварзӣ, музофоти Гансу, Хитой
НАТИҶАҲОИ БА ДАСТ ОВАРДАШУДА
- Маҷмўи усулҳои моделсозии шароити эҳтимолии тағйирёбии иқлим (дар асоси сенарияҳои гуногуни омезиши омилҳои асосии иқлимсоз) дар иншооти махсуси парвариши гандум, ки дар онҳо режими зарурии микроиқлимӣ фароҳам оварда шудааст, таҳия ва санҷида шуд.
- Таъсири газҳои гармхона ба динамикаи афзоиш ва рушди гандум омӯхта шудааст.
- Параметрхои физиологии гандум дар камерахои махсуси кишт омухта шуданд.
- Таъсири газҳои гармхона ба ҳосилнокӣ ва сифати ғаллаи гандум омӯхта шудааст.
- Модели математикии гандум дар шароити гармшавии глобалй сохта шудааст.
- Таъсири харорати баланд, хушксолии атмосфера ва хок, шур будани замин ба нашъунамо, инкишоф ва хусусиятхои физиологию биохимиявии зироатхои лубиёгй тахкик карда шуд.
КОРМАНДОНИ ОЗМОИШГОҲ
КИТОБҲО