Дар китъаи илмӣ-таҷрибавии ИБФваГР АМИТ якчанд гармхонаҳо фаъолият менамояд. Дар ин гармхонаҳо асосан зироатҳои субтропикӣ ҳамчун коллексия аз он ҷумла лимони “Мейер”, мандарин 3 навъ, пандероза, апелсин, манго, фейхуа, чайот (бодиринги Мексикои), кивӣ, мамордика (анори ҳинди) ва ғайраҳо парвариш ва нигоҳ дошта мешаванд.
Инчунин, дар яке аз гармхонаҳо зиёд намудани ниҳоли лимон бо истифода аз усулҳои муосири каламчакунӣ (бо истифода моддаҳои танзимкунандаи рушд) бо ташаббуси олим-агроном Тошев Муродали пеш бурда мешавад.