Озмоишгоҳи генетика ва селексияи растанӣ

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - Partoev-728x1024.jpg
Мудири озмоишгоҳи  генетика ва селексияи растанӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Партоев Қ.П.

   Озмоишгоҳи генетика дар соли 1982 таъсис дода шуда, дар соли 2018 ба озмоишгоҳи генетика ва селексия дар назди ИБФГР АИ ҶТ табдил дода шудааст.

   Ташкилдиҳандагони озмоишгоҳ академикҳо Ю.С. Носиров ва П.Д. Усманов буданд.

   Мудирони озмоишгоҳ таъин шуда буданд: В.А. Бобоҷонов-солҳо 1982-1986; С. Наимов –солҳои 1987-2011, Ф.Ю. Носирова- солҳои2012-2018гг., Қ. Партоев- аз соли 2019 то ҳозир.  

   Ҳоло дар озмоишгоҳ фаъолият менамоянд: ду нафар доктори илм, ду нафар номзади илм, ду нафар ходимони илмӣ, аспирантҳо, магистрантҳо ва лаборантҳо.

Мақсади озмоишгоҳ:  Таъсис додани  коллексияи они навъҳо ва дурагаҳои ояндадори зироатҳои гуногуни кишоварзӣ, тайёр намудани олимони ҷавон.

  Вазифаҳои озмоишгоҳ:

  • Ҷамъоварӣ намудани генотипҳои  гуногуни зироатҳои кишоварзӣ ва таъсис додани коллексияи растаниҳои  ба тағйиёбии иқлим ва омилҳои ноқуллайи муҳит устувор;
  • Ба даст овардани дурагаҳо ва навъҳои зироатҳои кишоварзӣ (гандум, картошка, лубиёгиҳо, ноки заминӣ, хўроки чорво ва ғ.) дар асоси истифодабарии усулҳои скрининги (интихоби) генетикӣ ва селексионӣ (онтихоб, дурагакунӣ, мутагенез, мутобиқкунӣ) ва баҳодиҳии физиологию-биохимиявӣ;
  • Нигоҳдории маводҳои коллексионии зироатҳои кишоварзӣ дар шароити in-vitro ва in-vivo;
  • Навиштан ва чопи тавсияномаҳо, брошюраҳо, китобҳо, монографияҳо;
  • Тайёр намудани олимони ҷавон;
  • Оиди дастовардҳои илмӣ дар ВАУ баромад намудан.

НАТИҶАҲОИ БА ДАСТ ОМАДА

  • Таъсиси коллексияи нодири растаниҳои  арабидопсис (110 намуна), гандум (50), лубиёгиҳо (20), ноки заминӣ  (20), картошка (10), ҷав (5), дигар зироатҳо (15).
  • Дар натиҷаи истифодабарии усулҳои  генетикӣ, селексионӣ, физиологӣ-биохимиявӣ намунаҳои ояндадори гандум, ҷав, лубиёгиҳо, картошка, ноки заминӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ.
  • НАМУНАИ ҶАВИ СУЛИИ «ВОСЕЪ». Дар руйхати намунаҳои (каталоги) Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанҳо дар соли 1987 ба қайд гирифта шудааст ва ба Комиссияи давлатии навъсанҷии ВК ҶТ супорида шудааст. (Муаллифон:  Ю.С. Носиров, А.В. Бобоҷонов).
  • НАМУНАИ ГАНДУМИ «АМИРӢ». Дар руйхати намунаҳои (каталоги) Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанҳо дар соли 1990 ба қайд гирифта шудааст ва ба Комиссияи давлатии навъсанҷии ВК ҶТ супорида шудааст. (Муаллиф: С. Наимов).
  • НАМУНАИ ГАНДУМИ «ЮСУФ». Дар натиҷаи дурагакунии гандум ваэгилопсис ба даст оварда шудааст. Ба касалии зангор  устувор мебошад. Дар руйхати намунаҳои (каталоги) Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанҳо дар соли 2010 ба қайд гирифта шудааст ва дар шароитҳои гуногуни агроэкологӣ омўхта мешавад. (Муаллифон: С. Наимов, Ф.Ю. Насырова, М. Нигмонов, З. Кавракова, М. Юсуфбекова, К. Ҷумъаев).
  • НАМУНАИ ҶАВИ «САФАРАЛИ». Дар руйхати намунаҳои (каталоги) Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанҳо дар соли 2019 ба қайд гирифта шудааст ва ҳоло дар шароитҳои гуногун санҷида мешавад. (Муаллифон: С. Наимов, Б.Н. Сатторов, Қ.П. Партоев).
  • НАМУНАИ ҶАВИ СУЛИИ «НАЗАР». Дар руйхати намунаҳои (каталоги) Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанҳо дар соли 2019 ба қайд гирифта шудааст ва ҳоло дар шароитҳои гуногун санҷида мешавад. (Муаллифон: С. Н. Каримов, М.Б. Ниёзмухамедова, Б.Н. М.М. Рахимов, Б.Н. Сатторов, Қ.П. Партоев).
  • НАМУНАИ ГАНДУМИ «БАХТ». Дар руйхати намунаҳои (каталоги) Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанҳо дар соли 2019 ба қайд гирифта шудааст ва дар шароитҳои гуногуни агроэкологӣ  санҷида мешавад. (Муаллифон: Қ.П. Партоев, Б.Н. Сатторов).
  • НАМУНАҲОИ ОЯНДАДОРИ МУТАНТИИ РАСТАНИИ АРАБИДОПСИС.  Дар руйхати намунаҳои (каталоги) Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанҳо дар соли 2015 ба қайд гирифта шудаанд ва ҳоло дар шароитҳои гуногуни агроэкологи Ҷумҳурии  Тоҷикистон омўхта мешаванд. (Муллифон: П.Д. Усманов, О.В. Усманова, Ф.Х. Бабаджанова, Л. В. Сидорова).

САМТҲОИ АСОСИИ ТАДҚИҚОТҲОИ ИЛМӢ

  1. Дар Озмоишгоҳ корҳои илмӣ оид ба ҷамъоварӣ намудани намунаҳои нави растаниҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, инчунин бо истифодаи ворид намудани намунаҳои нави генетикӣ аз хориҷи кишвар;
  2. Гузаронидани корҳои васеъи ҷўстўҷуйи оиди таъсис додани коллексияи растаниҳои гуногун ва истифодаи онҳо дар корҳои селесионӣ;
  3. Гузаронидани дурагакунии растаниҳои намунаҳои гуногун, аз қабили зироатҳои муҳим, аз қабили гандум, картошка, лубиёгиҳо ва ноки заминӣ;
  4. Омўхтани тағйиёбии нишонаҳои генетикӣ дар натиҷаи гузаронидани пайвандкунии зироатҳо;
  5. Омўзиши эҳтимолияти ба даст овардани генотипҳои нави ояндадори зироатҳо дар асоси истифодаи омилҳои мутагенӣ;
  6. Омўзиши нишондодҳои физиологӣ ва биохимиявии намунаҳои нави гандум, картошка, лубиёгиҳо ва ноки заминӣ ва истифодабарии ин нишонаҳо дар корҳои генетикӣ ва селексионӣ баҳри ба даст овардани дурагаҳо ва навъҳои нави зироатҳо дар оянда.
  7. Нигоҳдорӣ ва афзоишдиҳии растании моделии арабидопсис (Arabidopsis thaliana L.) бо генҳои сигналӣ баҳри баҳодиҳии таъсири омилҳои экстремалӣ ба популятсияи растаниҳо ва механизми мутобиқшавии растаниҳодар шароити тағйирёбии иқлим;
  8. Дар озмоишгоҳ корҳои илмӣ доир ба генотипикунонии намунаҳои ояндадор ва навъҳои аборигентии гандум, лубиёгиҳо, ҷав, ҷави сулӣ, картошка, ноки заминӣ, зироатҳои хўроки чорво, инчунин арабидопсис ва эгилопсис.

КИТОБҲО ва КАТАЛОГҲО

  1. Маҳсулотнокии топинамбур (Helianthus tuberosus l) дар шароити водиҳои Ҳисор ва Рашти Тоҷикистон
  2. Картошкапарварӣ дар Тоҷикистон
  3. Селексия ва тухмипарварии картошка дар шароити Тоҷикистон
  4. Чанде аз усулҳои инноватсионӣ дар кишоварзии Тоҷикистон
  5. Аҳамияти топинамбур дар таъмини озуқаворӣ ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон
  6. Ҳосилнокии донаҳои полени картошка
  7. Тавсиф ва дастрасӣ ба таҷрибаҳои мардумӣ ва навъҳои нодири зироатҳои кишоварзӣ
  8. Гуногунии агробиологии маҳаллӣ ва донишҳои мардумиро дар кишоварзиро бояд ҳифз намуд
  9. Роҳнамои фермер
  10. Луғат дар картошкапарварӣ
  11. Фото-атласи зироатҳои кишоварзӣ
  12. Каталоги зироатҳои кишоварзӣ

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - sotrudniki.png
Гурўҳи кормандони озмоишгоҳ: Партоев Қ.П., Сатторов Б.Н., Усманова О.В., Сидорова Л.В., Ниязмухамедова М.Б., Калмыкова В.Г. 

Д.и.к., профессор, муд. озмоишгоҳ
Партоев Қ.П.

Д.и.б.,  сарходими илмӣ.  Ниязмухамедова М.Б.

Н.илм. биол., ходими пешбари илмӣ Усманова О.В.

Унвонҷӯи илмӣ Сафаров Х.Р.
Ходими илмӣ Сатторов Б.Н.
Лаборант Сидорова Л.В. ва ходими илмӣ Бабаджанова Ф.Х.