Шӯъбаи флора ва систематикаи растанӣ

и.в. Мудири шӯъбаи флора ва систематикаи растенӣ
Бобокалонов Қобилҷон Азаматович

Шуъба аз рузи ташакулёбии Институти ботаника вуҷуд дорад.

Солҳои аввали ташакулёби онро профессорон Б.Федченко (1932-1935), Н.Гончаров (1935-1040), баъдтар академики Академияи миллии собиқ Шӯравӣ (Тадж. СССР) П.Овчинников (1941-1977), ва аъзои корреспондент Расулова М. АМИТ (1977-1988), узви вобаста АМИТ М.Исмоилов (1992-1991), академики АМИТ Х.Ҳисориев (1994-2020). роҳбарӣ мекарданд.

Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмии шуъба:

  • омӯзиши гуногунии биологӣ, таксономи (систематики), экологи, география ва генезиси флораи растаниҳои дараҷаи олӣ ва паст, баҳодиҳии ҳолати намудҳои нодиру эндемики, инчунин  таҳияи асосҳои илмӣ доир ба муҳофизат ва истифодаи устувори растаниҳо.

Натиҷаи мехнати чандинсолаи наслхои ботаникону-флористон буд, ки то имруз дар микёси Точикистон зиёда аз 4500 намуди растаниҳои рагдор, ки ба 120 оила 1000 авлод таъллуқ доранд, муайян карда шудаанд: аз ин миқдор 200 намуди он барои илм нав ва 800 намуди он эндемик мебошад, ки танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон меруянд, тавсиф кардаанд.

Олимон Б.Федченко, Н.Гончаров, П.Овчинников, Р.Камелин, М.Расулова, С.Юнусов, М.Исмоилов ва дигарон дар тадқиқи флораи растаниҳои рагдори Тоҷикистон саҳми калон гузоштаанд. Натиҷаи кори бисёрсолаи ин олимон дар китоби 10-ҷилдаи «Флора Таджикской ССР» таҷассум шудааст.

Дар натиҷаи инвентаризатсия ва омузишҳои пайдар пайи олами набототи Тоҷикистон аз тарафи олимон, айни замон зиёда аз 267 намуд растаниҳои нодир ва эндемикӣ ки дар ҳолати нестшави қарор доштанд ба нашри дуюми «Китоби Сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) дохил карда шудаанд.

Бо ташабуси академик Ҳисориев Ҳ. (1994-1999) самти нави тадқиқоти ботаникӣ оғоз ёфт: ин тадқиқотҳои флористи экологию-географи, систематики (таксоном) ва ва таркиби биоиндикатсионии обсабзҳои (Algae)  обанборхои табиию сунъии  Тоҷикистон.

Дар айни замон мактаби алгологии Ҳисориев Ҳ. инвентерезатсияи пурраи обсабзхои эвгленофитии Осиёи Марказӣ (Хисориев, 1999-2019), обанборҳо ва дарёчаҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (Бобоев, 2005-2019),  кулҳои Помири Ѓарбӣ  (Ниятбеков, 2008-2019),  экосистемаҳои дарёи (Қурбонова, 2012-2019), обҳои геотермалӣ ва маъданӣ (Ҷумъаева, 2008), омӯзиши гуногунии биологии обанборҳо дар обанборҳои каскадии дарёи Вахш, обанборҳои Тоҷикистони Шимолӣ (Мирсабуров, Худжаев, 2019). ба анҷом расониданд.

Натичахои корхои алгофлористии олимони тоҷик дар як қатор монографияҳо: «Эвгленофитовые водоросли водоёмов Центральной Азии», «Euglenophyta континентальных водоёмов», «Альгофлора водотоков и водоёмов Южно-таджикской депрессии», «Эколого-флористические особенности водорослей водоёмов бассейна р. Гунт» ва ѓайраҳо пешниҳод шудаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 2200 намуди обсабзҳо, ки ба 12 шуъба, 105 оила ва 400 авлод мансубанд, муайян карда шудаанд.

Дар натичаи тадқиқотҳои чандинсола оид ба растаниҳои спорадор дар Точикистон зиёда аз 2500 намуди обсабзҳои оби ширин, обсабзҳои хок ва танаи сангҳо, 2000 намуди микро- ва макромисетҳо, зиёда аз 300 намуди гулсангҳо ва зиёда аз 400 намуди ушнаҳо муайян карда шудаанд.

         Дастовардҳои муҳимтарини тадқиқоти оид ба растаниҳои талломӣ, ки аҳамияти амали доранд:

  • Тадқиқотҳо оиди омузиши обсабзҳо ва нақши онҳо дар тоза нигоҳдоштани обҳо, ба вучуд овардани базаи хуроки дар хоҷагиҳои  моҳипарварӣ, истифода бурдани ушнаҳо, гулсангҳо, обсабзҳо ва занбуруѓҳо дар мониторинги ифлосшави аз тарафи инсон, инчунин дар биоиндикасияи муҳити атроф, мебошад.
  • Омӯзиши гулсангҳо (Lichenophyta)-и Тоҷикистонро профессор А.Окснер ва шогирди ӯ, доктори илмҳои биологӣ, профессор И.Қудратов оғоз намуда, даҳҳо мақолаҳои илмӣ ва монографияи «Гулсангҳои минтақаи Зарафшон»-ро ба табъ расониданд. Онҳо барои олами гулсангҳо  намудҳо ва авлодҳои нав  дар манотиқи Тоҷикистон дарёфт намудаанд.
  • Тадқиқоти ушнашаклони (Bryophyta)-и Точикистонро профессор У.Маматкулов ва шогирди у Б.Бобораҷабов анҷом дода, натиҷаҳои он дар як қатор монографияҳо ба табъ расидаанд: «Лиственные мхи Дарвазского хребта », «Анализ бриофлоры Памиро-Алая».

Айни замон дар шуъба кормандони зерин кору фаъолият мекунанд:

Ҳисориев Ҳ., Академики АМИТ д.и.б. х.п.и.

Давлатов А.С., н.и.б., дотсенти. х.к.и.

Қурбонова П.А., н.и.б. с.х.и.

Аброров С.С., х.к.и.

Юсупова.Ф., х.и.

Хуҷаев.М., х.х.и.

Раҳматова Т., доктори PhD.