01- марти соли равон дар Институти ботаника, физиология ва гентетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Control of flowering and storage organ formation in potato by FLOWERING LOCUS T» семинари илмӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур устодону магистрантон ва унвонҷӯён иштирок намуданд. Дар оғози семинар ходими калони илмии озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растании ИБФГР АМИТ суханрони намуда, мақсаду ҳадафҳои худро ҷиҳати амалишавии донишҳои илмиву назариявӣ баён дошт.
Ҳамзамон зикр гардид, ки тағйирёбии мавсимии дарозии рӯз ҷанбаҳои муҳими инкишофи растаниро ба мисли гулкунӣ ё дар растании картошка (Solanum tuberosum L.), ташаккули лундабандиро танзим мекунад. Давомнокии рӯзро баргҳо ҳис мекунанд, ки сигнали мобилиро ҳосил карда ба қуллаи болоии навда ё навдаҳои зеризаминӣ интиқол медиҳанд, то водор кардани мухчабандӣ ва гулкунӣ ё мутаносибан водор кардани лӯндабандиро ба вуҷуд оранд.
Тадқиқотҳо дар арабидопсис, помидор ва шолӣ (Oryza sativa) нишон доданд, ки сафедаи мобилии FLOWERING LOCUS T (FT) ҳамчун ҷузъи асосии сигнали “флориген” (гене ки функсияи гулкуниро иҷро мекунад) ё гормони гулкуниро муайян мекунанд.