Мундариҷа:
- Муқаррароти умумӣ
- Меъёрҳои дарёфти дараҷаи илмӣ
- Меъёрҳои омодасозии диссертатсия
- Экспертизаи диссертатсия дар муассиса
- Экспертизаи диссертатсия дар Шӯрои Диссертатсионӣ
- Экспертизаи диссертатсия дар комиссия
- Тартиби баррасии аризаи шикоятӣ
- Аз нав аттестатсия намудани дараҷаи илмӣ
- Маҳрум кардан аз дараҷаи илмӣ
- Барқарор кардани дарҷаи илмӣ
- Муқаррароти хотимавӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (минбаъд – Тартиби мазкур) қоидаҳо, талабот ва меъёрҳои пешниҳод кардани парвандаҳои аттестатсионии довталабон барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат, маҳрум ва барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ, баробарарзиши (нострификатсия)-и дараҷаҳои илмии дар давлатҳои хориҷӣ бадастовардашуда, аз нав аттестатсия намудани дараҷаҳои илмии дар давлатҳои хориҷа бадастовардае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо оид ба баробарарзиш эътироф намудани ин гуна ҳуҷҷатҳо шартнома ё созишнома надорад, баррасии арзу шикоятҳо ва дигар масъалаҳои аттестатсияи давлатии кадрҳои илмӣ ва (ё) илмӣ-техникии тахассуси олиро муқаррар мекунад.
2. Дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат мутобиқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
3. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд–Комиссия) мутобиқати самтҳои тайёркунии кадрҳои илмӣ ва (ё) илмӣ-техникиро аз рўи ихтисосҳои илмии диссертатсияҳои омодашуда дар аспирантура, докторантура аз рўи ихтисос, докторантура ва постдокторантура, инчунин унвонҷўёнро тибқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
4. Дараҷаи илмиро дипломи намунаи давлатии дахлдор тасдиқ менамояд, ки он дар асоси дархости шўрои диссертатсионӣ (минбаъд–Шўро) бо қарори Раёсати Комиссия дода мешавад.
5. Намунаи давлатии дипломи дараҷаҳои илмӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, талаботи техникӣ, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани онро Комиссия муқаррар ва амалӣ менамояд.
6. Қарор дар бораи додани дараҷаи илмӣ аз рўзи аз тарафи Раёсати Комиссия қабул шудани он эътибор пайдо мекунад.
7. Раёсати Комиссия дар ҳолатҳои муқарраргардида метавонад дархости Шўроро вобаста ба додани дараҷаи илмӣ рад намояд.
8. Шўро барои қабули қарорҳои асоснок ва воқеӣ дар муайян кардани мутобиқати диссертатсияҳо ба меъёрҳои низомномавӣ, риояи тартиби пешниҳод ва ҳимояи диссертатсия дар Шўро, ки Низомномаи шўрои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур муқаррар кардаанд, масъул мебошад.
9. Талабот ба муассисае, ки дар назди он Шўро таъсис дода мешавад, тартиби таъсисдиҳии он, узви Шўро, раванди омодасозии диссертатсия, қабул ва ҳимояи он мутобиқи Низомномаи шўрои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур муайян карда мешавад.
10. Мавзўи таҳқиқоти диссертатсионӣ, роҳбар (мушовир)-и илмӣ дар шўрои олимони муассисаи илмию таҳқиқотӣ, муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (минбаъд–Муассиса) бо тавсияи маҷлиси зерсохтори муассиса, ки дар он диссертатсия омода мегардад, тасдиқ карда мешавад.
11. Тартиби тасдиқи мавзўи диссертатсия, таъйини роҳбар (мушовир)-и илмӣ, шартҳои таъйин намудани ду роҳбар (мушовир)-и илмӣ ва талабот нисбат ба роҳбарони илмӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ мешавад.
12. Омодасозӣ ва баррасии диссертатсияҳои сирри давлатидошта ва маводи дигаре, ки пешниҳоди онҳо бо санадҳои қонунгузорӣ маҳдуд ё манъ шудааст, аз тарафи Комиссия бо тартиби муқарраргардида амалӣ мешавад.
13. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хориҷиён ва шахсони бешаҳрванд, ки берун аз ҳудуд ё дар дохили ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба забони давлатӣ, русӣ ё англисӣ диссертатсия таҳия намоянд ва дар шўроҳои диссертатсионии ватанӣ ҳимоя кунанд. Диссертатсияҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи меъёрҳои дар Тартиби мазкур муқарраргардида ва шартҳои зерин ба Шўро қабул карда мешаванд:
– дар асоси шартномаи байни довталаб ва муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар назди он Шўро амал мекунад;
– дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ.
14. Додани дараҷаҳои илмӣ ба шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар сурате амалӣ карда мешавад, ки агар тартиби аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамудаи додани розигӣ барои ҳимояи диссертатсияҳо ба шахсони мазкур риоя шуда бошад.
15. Тартиби гузаронидани баробарарзиши (нострификатсия)-и дараҷаҳои илмии дар давлатҳои хориҷа бадастовардашуда тибқи дастурамали дахлдор ба роҳ монда мешавад.
16. Масъалаҳои дигари марбут ба дараҷаҳои илмиро, ки Тартиби мазкур танзим накардааст, аз ҷониби Раёсати Комиссия тибқи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо тартиби муқарраргардида ҳал карда мешаванд.
2. МЕЪЁРҲОИ ДАРЁФТИ ДАРАҶАИ ИЛМӢ
17. Барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ба довталаб зарур аст:
– соҳиби дипломи магистр ё мутахассис бошад (барои ихтисосҳои тиббии клиникӣ – доштани ҳуҷҷат дар бораи хатми резидентура ё ординатура, интернатура бо собиқаи 2-солаи кор, ба истиснои ихтисосҳои тибби назариявӣ);
– барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар аспирантура ё ба ҳайси унвонҷў аз худ карда бошад;
– имтиҳонҳои минимуми номзадиро супорида бошад;
– тибқи ихтисоси илмии аспирантура ё Феҳристи ихтисосҳои илмӣ (ба ҳайси унвонҷў) мустақилона диссертатсия омода карда бошад;
– аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, хулосаи мусбат дошта бошад.
18. Мавзўи кори илмии довталаб дар доираи ихтисос тасдиқ карда мешавад. Ба таври истисно, довталаби собиқаи кории на камтар аз 5-соладоштае, ки ихтисоси асосиаш ба соҳаи илми диссертатсияи омодашуда мувофиқат намекунад, дар ҳаҷми барномаи таълимии муқаррарнамудаи муассисаи таҳсилотӣ бояд курси то дусолаи омўзишӣ гузарад ва аз рўи ихтисоси диссертатсия имтиҳони иловагии тахассусӣ супорад.
19. Дар ҳолати аз рўи ду ихтисос омода кардани диссертатсия довталаб бояд аз ҳарду ихтисос имтиҳони минимуми номзадӣ супорад.
20. Агар аз супоридани имтиҳони минимуми номзадӣ аз рўи ихтисос 5 сол сипарӣ шуда бошад, довталаб бояд онро аз нав супорад.
21. Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўи ихтисос ба довталаб зарур аст, ки:
– дипломи дараҷаи таҳсилоти олии касбии магистр дошта бошад (барои ихтисосҳои тиббии клиникӣ – доштани дипломи мутахассис ё магистр, ҳуҷҷат дар бораи хатми резидентура ё ординатура, интернатура бо собиқаи 2-солаи кор, ба истиснои ихтисосҳои тибби назариявӣ);
– аз рўи ихтисоси мутобиқ ба Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар докторантура аз рўи ихтисос аз худ карда бошад;
– имтиҳонҳои маҷмўии муқарраршудаи докторантура аз рўи ихтисосро супорида бошад;
– тибқи ихтисоси илмии докторантура аз рўи ихтисос диссертатсия таҳия карда бошад;
– аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, хулосаи мусбат дошта бошад.
22. Довталабе, ки ихтисоси магистриаш ба соҳаи илми диссертатсияи омодакардааш мувофиқат намекунад, бояд дар ҳаҷми барномаи магистрии муассисаи таълимӣ аз рўи соҳаи илми ба ихтисоси диссертатсия мувофиқбуда имтиҳони иловагӣ супорад.
23. Дар ҳолати аз рўи ду ихтисос омода намудани диссертатсия довталаб бояд аз ҳарду ихтисос имтиҳонҳои маҷмўӣ супорад.
24. Агар аз супоридани имтиҳонҳои маҷмўӣ 5 сол сипарӣ шуда бошад, довталаб бояд имтиҳону санҷишҳои тахассусиро аз нав супорад.
25. Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ба довталаб зарур аст, ки:
– дипломи дараҷаи илмии номзади илм дошта бошад;
– аз рўи ихтисоси мутобиқ ба Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар докторантура ё ба ҳайси унвонҷў аз худ карда бошад;
– тибқи ихтисоси илмии докторантура диссертатсия таҳия карда бошад ё ба ҳайси унвонҷў тибқи Феҳристи ихтисосҳои илмӣ мустақилона диссертатсия омода карда бошад;
– аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, хулосаи мусбат дошта бошад.
26. Барои дарёфти дараҷаи илмии доктори ҳабилитат ба довталаб зарур аст, ки:
– дипломи дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўи ихтисос дошта бошад;
– аз рўи ихтисоси мутобиқ ба Феҳристи ихтисосҳои илмӣ барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро дар постдокторантура аз худ карда бошад;
– тибқи ихтисоси илмии постдокторантура диссертатсия таҳия карда бошад;
– аз муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст, хулосаи мусбат дошта бошад.
27. Барои расонидани ёрии илмӣ-методӣ ба довталабони дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўи ихтисос роҳбари илмӣ ва ба довталабони дараҷаҳои илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат мушовирони илмӣ аз ҳисоби мутахассисони ватанӣ ё хориҷӣ бо фармоиши роҳбари муассиса дар асоси қарори шўрои олимон таъйин карда мешаванд. Довталаби дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат ҳуқуқ дорад, ки барномаи тайёркунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникиро мустақилона аз худ намояд ва таҳқиқоти диссертатсиониашро бе мушовири илмӣ анҷом диҳад.
28. Роҳбар ё мушовири илмӣ, чун қоида, бояд мутахассиси дорои дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат аз рўи соҳаи таҳқиқоти диссертатсионӣ бошад. Ба таври истисно мутахассиси дорои дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўи ихтисос, дотсент низ метавонад роҳбари (ё роҳбари дуюми) илмии довталаби дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўи ихтисос бошад, агар дар соҳаи дахлдори илм мутахассиси варзида ба ҳисоб рафта, собиқаи на кам аз 10-солаи илмӣ, илмӣ-омўзгорӣ ё илмӣ-техникӣ дошта, муаллифи 2 дастури таълимӣ ва на камтар аз 10 мақолаи илмӣ-таҳқиқотии тақризшаванда бошад. Сарходими илмии дорои дараҷаи илмӣ, ки на камтар аз 10 сол собиқаи кории илмӣ дошта, 2 монография ва на кам аз 10 мақолаи илмии тақризшаванда (ё 3 патент) ба нашр расонидааст, ҳуқуки роҳбар ва ё мушовири илмӣ шуданро дорад.
29. Роҳбар ё мушовири илмӣ наметавонад дар як вақт ба зиёда аз 5 довталаби дараҷаи илмӣ роҳбарӣ кунад.
30. Ба диссертатсия ба шарте ду роҳбари (мушовири) илмӣ таъйин карда мешавад, ки агар он аз рўи ду ихтисоси илмӣ таҳия ё дар ду муассисаи гуногун омода гардида, довталаб дар ҳаммуаллифӣ бо ҳарду роҳбар (мушовир) дар маҷаллаҳои тақризшаванда мақолаи илмӣ дошта бошад. Ҳамин қоида барои диссертатсияи довталабоне низ татбиқ мегардад, ки агар номзади илм ё доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўи ихтисос ба ҳайси роҳбари илмӣ ва доктори илм ё доктори ҳабилитат ба ҳайси мушовири илмӣ таъйин шуда бошанд.
3. МЕЪЁРҲОИ ОМОДАСОЗИИ ДИССЕРТАТСИЯ
31. Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўи ихтисос бояд таҳқиқоти илмӣ-тахассусии баитмомрасидаи фарогири масъалаҳои муҳим барои рушди соҳаи дахлдори илм бошад ва дар он роҳи ҳал ва коркарди нави масъалаҳои илман асоснокшудаи техникӣ ва технологии барои рушди кишвар аҳамиятдошта дарҷ шуда бошад.
32. Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ё доктори ҳабилитат бояд таҳқиқоти илмӣ-тахассусии баитмомрасида бошад ва дар асоси натиҷаҳои он заминаҳои назариявии дастовардҳои илмӣ ҳосил гардида ё мушкилоти илмие ҳал шуда бошанд, ки аҳамияти сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ё хоҷагӣ доранд ва ё роҳҳои нави ҳалли масъалаҳои илман асосноки техникӣ ва технологие пешниҳод шудаанд, ки ҷорӣ намудани онҳо барои рушди мамлакат ниҳоят муҳим мебошанд.
33. Диссертатсия аз тарафи муаллиф мустақилона таълиф гардида, дорои ягонагии дохилӣ, натиҷа ва нуктаҳои нави илмӣ мебошад ва саҳми шахсии муаллифро дар соҳаи илм нишон медиҳад. Роҳи ҳалли пешниҳоднамудаи муаллиф бояд асоснок ва бо роҳҳои дигари ҳал дар қиёс арзёбӣ шуда бошад. Дар диссертатсияи ҷанбаи амалидошта бояд маълумот оид ба истифодаи амалии натиҷаҳои илмии бадастовардашуда нишон дода шаванд. Дар диссертатсияи ҷанбаи назариявидошта бояд тавсияҳо оид ба истифодаи хулосаҳои илмӣ оварда шаванд.
34. Натиҷаҳои асосӣ ё муҳтавои илмии диссертатсия бояд дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи ватанӣ ё хориҷӣ чоп шуда бошанд. Талабот нисбат ба маҷалла (нашрия)-ҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби бақайдгирии онҳо аз тарафи Комиссия муқаррар карда мешавад. Феҳристи маҷаллаҳои тақризшаванда дар сомонаи расмии Комиссия ҷой дода мешавад.
35. Ҳадди ақали теъдоди мақолаҳои дар маҷаллаҳои тақризшаванда банашррасида ва маърўзаҳо дар конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ:
– барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўи ихтисос дар соҳаи илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ – 3 мақола (2 мақола дар алоҳидагӣ), на камтар аз 2 маърўза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, дар соҳаи илмҳои табиӣ, математикӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва техникӣ – 2 мақола (1 мақола дар алоҳидагӣ), на камтар аз 1 патент ё нахустпатент, гувоҳнома, шаҳодатнома, санад оид ба ҷорикунӣ дар истеҳсолот, ихтироот ё татбиқ дар объекти таҳқиқот ва 2 маърўза;
– барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат – дар соҳаи илмҳои ҷамъиятию гуманитарӣ – 14 мақола (на камтар аз 5 мақола дар алоҳидагӣ), 1 монографияи илмии тақризшуда ва на камтар 5 маърўза дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, дар соҳаи илмҳои табиӣ, математикӣ, тиббӣ, кишоварзӣ ва техникӣ – 12 мақола (на камтар аз 7 мақола дар алоҳидагӣ), 1 монографияи илмии тақризшуда, 2 патент ё нахустпатент, гувоҳнома, шаҳодатнома, санад оид ба ҷорикунӣ дар истеҳсолот, ихтироот ё татбиқ дар объекти таҳқиқот ва 5 маърўза.
36. Патент, нахустпатент ё ки гувоҳнома, шаҳодатнома, санади татбиқи истеҳсолӣ барои ихтироот, таҳияи намунаи саноатӣ, дастоварди селексионӣ, коркарди комплекси барномаҳои компютерӣ, истифодаи махзани маълумот, пешниҳоди топологияи микросхемаҳои интегралӣ ва навовариҳои дигари илмӣ, илмӣ-техникӣ ва илмию технологии тибқи қонун бақайдгирифташуда ва дар истеҳсолот ҷоришуда ба маводи банашррасида баробар дониста мешаванд.
37. Диссертатсия дар Комиссия тибқи Дастурамал оид ба санҷиши диссертатсия аз рўи барномаи компютерии «Антиплагиат», ки бо қарори Раёсати Комиссия тасдиқ карда мешавад, санҷида мешавад. Асолати диссертатсия аз рўи барномаи мазкур бояд аз 75% кам набошад (автореферати диссертатсия на кам аз 80%). Диссертатсияҳое, ки ба талаботи зикргардида ҷавобгӯ нестанд, ба ҳимояи такрорӣ баргардонида мешаванд. Ҳимояи такрории онҳо пас аз 1 соли ба тасвиб расидани фармоиш ба роҳ монда мешавад.
4. ЭКПЕРТИЗАИ ДИССЕРТАТСИЯ ДАР МУАССИСА
38. Экспертизаи диссертатсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ё илмӣ-таҳқиқотие, ки дар он ҷо диссертатсия иҷро шудааст, дар ду давра гузаронида мешавад:
– давраи якум – дар маҷлиси зерсохтори муассиса (кафедра, шуъба, бахш, озмоишгоҳ), ки диссертатсия бевосита дар он омода гардидааст;
– давраи дуюм – дар маҷлиси муштараки бахшҳои зерсохтори болоии Муассиса (филиал, факултет), ки чун қоида, аттестатсияи солонаи докторант, аспирант, адъюнктҳо, унвонҷў ва муҳаққиқони дигар дар маҷлисҳои шўрои олимони он гузаронида мешавад.
39. Экспертизаи давраи якуми диссертатсия бо мақсади муайян намудани мувофиқати он ба талаботи муқарраргардида ва бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда гузаронида мешавад. Дар баррасии диссертатсия мутахассисони зерсохтор ё муассисаҳои дигарро низ даъват кардан мумкин аст.
40. Баррасии диссертатсия дар асоси аризаи довталаб, ки бо ризоияти роҳбари (мушовири) илмиаш манзур шудааст, бо супориши роҳбари зерсохтор дар маҷлиси он гузаронида мешавад. Ба ариза инҳо замима карда мешаванд:
– дастнависи диссертатсия;
– дастнависи автореферати диссертатсия;
– нусхаи интишороти довталаб вобаста ба мавзўи диссертатсия;
– хулосаи роҳбари (мушовири) илмӣ оид ба мутобиқати муҳтавои диссертатсия ба номи мавзуъ ва ихтисосе, ки тибқи он таҳқиқот анҷом дода шудааст, теъдод ва мувофиқати интишороти натиҷаҳои асосӣ ба талаботи мавҷуда, саҳми довталаб дар иҷрои таҳқиқоти диссертатсионӣ.
41. Дар маҷлиси зерсохтор баррасии диссертатсия бо тартиби зерин баргузор мегардад:
– маърўзаи довталаби дараҷаи илмӣ вобаста ба таҳқиқоти диссертатсионӣ;
– саволу ҷавоб оид ба маърўза;
– хулосаи роҳбари (мушовири) илмии довталаб;
– музокира ва муҳокимаи илмӣ оид ба сатҳи диссертатсия;
– хулосаи маҷлис вобаста ба пешниҳод кардан ё накардани диссертатсия ба экспертизаи марҳилаи навбатӣ.
42. Дар хулосаи маҷлис мутобиқати ихтисос ва номи мавзуъ ба шиносномаи ихтисос ва муҳтавои диссертатсия, алоқамандии мавзўи диссертатсия ба самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар ҷумҳурӣ, мутобиқати теъдод ва мазмуни интишороти натиҷаҳои илмӣ ба муҳтавои диссертатсия ва автореферати он, мавҷудияти санадҳои тасдиқкунандаи татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот ё имконияти татбиқ намудани онҳо, саҳми довталаб дар иҷрои таҳқиқоти диссертатсионӣ ва ғайра арзёбӣ мегарданд. Дар мавриди зарурӣ дар протоколи маҷлис номи дақиқкардашудаи диссертатсия нишон дода мешавад.
43. Протоколи маҷлиси зерсохтор бо имзои раисикунанда ва котиби маҷлис ба расмият дароварда мешавад.
44. Агар дар натиҷаи муҳокимаи диссертатсия дар маҷлис мутобиқат накардани муҳтавои он ба ихтисоси нишондодашуда ё ба ду ихтисоси илмӣ робита доштани он собит гардад, маҷлис бояд аз шўрои олимони зерсохтори болоии муассиса вобаста ба мутобиқсозии ихтисос (ихтисосҳо) ба мавзўи диссертатсия ва супоридани имтиҳони (имтиҳонҳои) тахассусӣ аз рўи он дар муассисае, ки дар назди он Шўрои дахлдор амал мекунад, дархост пешниҳод намояд. Бе мавҷуд будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи натиҷаи имтиҳоноти тахассусӣ баррасии диссертатсия манъ аст.
45. Дар сурати манфӣ арзёбӣ гаштани диссертатсия, ба довталаб нусхаи протокол ва хулосаи маҷлиси зерсохтор дар бораи камбудиҳои ошкоргашта бо эродҳои гирифташуда дода мешавад ва муҳлати коркарди минбаъдаи таҳқиқоти диссертатсионӣ ва пешниҳоди такрории он ба экспертизаи давраи якум муайян карда мешавад.
46. Дар мавриди мусбат арзёбӣ гаштани диссертатсия, ба довталаб нусхаи протокол ва хулосаи маҷлиси зерсохтор дар бораи дуруст ба расмият дароварда шудани диссертатсия ва пешниҳоди он ба экспертизаи давраи навбатӣ дода мешавад.
47. Экспертизаи давраи дуюми диссертатсия дар зерсохтори зинаи болоии муассиса бо мақсади муайян намудани мувофиқати қатъии он ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Тартиби мазкур, бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда ва пешниҳоди диссертатсия ба Шўро гузаронида мешавад. Дар баррасии диссертатсия аз рўи имкон аъзои Шўрои дахлдори муассиса, мутахассисони маъруфи зерсохторҳои ба ҳам наздик ва дигар муассисаҳо даъват карда мешаванд.
48. Баррасии диссертатсия дар асоси аризаи довталаб, ки бо ризоияти роҳбари (мушовири) илмӣ ва роҳбари зерсохтори поёнии Муассиса манзур шудааст, бо супориши роҳбари сохтори болоии дахлдор дар маҷлиси васеъ ва муштараки (семинари) зерсохторҳои ба ҳам наздики он, пас аз гузоштани эълони расмӣ оид ба баргузории маҷлис гузаронида мешавад. Ба аризаи довталаб инҳо замима мегарданд:
– нусхаи протокол ва хулосаи маҷлиси зерсохтори поёнӣ дар хусуси дуруст барасмият дароварда шудани диссертатсия ва пешниҳоди он ба экспертизаи давраи дуюм;
– талаботи сархатҳои банди 40 Тартиби мазкур.
49. Дар асоси санаду ҳуҷҷатҳои воридшуда роҳбари зерсохтори болоии Муассиса барои арзёбии мазмуну муҳтавои диссертатсия аз ҳисоби мутахассисони дохилӣ ва берунӣ аз рўи самти таҳқиқоти диссертатсионӣ 2 нафар муқарризи холис таъйин мекунад. Дараҷаҳои илмии муқарризон бояд аз дараҷаи илмии дархостшавандаи довталаб поён набошанд. Муқарризони расмӣ барои воқеъбинона, босифат ва дар муҳлати аз ҷониби Шўро муқарраршуда омода намудани тақризҳо масъуланд.
50. Дар маҷлиси васеъ ва муштараки сохтори болоии муассиса баррасии диссертатсия бо тартиби зайл баргузор мегардад:
– маърўзаи довталаби дараҷаи илмӣ вобаста ба таҳқиқоти диссертатсионӣ;
– саволу ҷавоб оид ба маърўза;
– тақризи роҳбари (мушовири) илмӣ ба диссертатсия ва довталаб;
– тақризи муқарризони холис;
– музокира ва муҳокимаи илмӣ оид ба натиҷаҳои диссертатсия;
– хулосаи маҷлис вобаста ба пешниҳод кардан ё накардани диссертатсия ба экспертизаи давраи навбатӣ дар Шўрои дахлдор.
51. Дар хулосаи маҷлис, ки бо тарафдории аксари иштирокчиёни он қабул мешавад, бояд тамоми ҷузъиёти банди 42 Тартиби мазкур ба инобат гирифта шуда, ба кадом Шўро пешниҳод намудани диссертатсия муайян карда шавад. Протокол ва хулосаи маҷлис тибқи муқаррарот аз номи муассиса бо имзои раисикунанда, котиби маҷлис ва муқарризони холис ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби ректор (директор) ё муовини он оид ба илм бо имзо, муҳри муассиса ва санаи рўз тасдиқ карда мешавад.
52. Ба довталаб дар муддати на зиёда аз 10 рўзи баъди маҷлис мактуби ҳамроҳ дар бораи пешниҳоди диссертатсия ба Шўро, нусхаи протокол ва хулосаи тасдиқшудаи Муассиса дода мешавад.
5. ЭКСПЕРТИЗАИ ДИССЕРТАТСИЯ ДАР ШЎРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ
53. Довталаби дараҷаи илмӣ диссертатсияашро барои ҳимоя бояд ба Шўрое пешниҳод кунад, ки соҳа ва ихтисос (ҳо)-и илмии он бо ихтисоси илмии диссертатсия мутобиқат дошта бошад.
54. Довталаби дараҷаи илмӣ диссертатсияро бо ҳуқуқи дастнавис, дар шакли чопӣ, ба забони давлатӣ, русӣ ё англисӣ пешниҳод менамояд. Автореферати диссертатсия дар шакли саҳифабандишуда пешниҳод мегардад. Агар диссертатсия ба забони давлатӣ таҳия шуда бошад, он гоҳ автореферати он дар шакли як китобча ба забони давлатӣ ва русӣ низ пешниҳод мегардад. Дар мавриди ба забони русӣ ё англисӣ пешниҳод гардидани диссертатсия, автореферати он, мувофиқан, ба ҳамон забон ва забони тоҷикӣ пешниҳод мегардад. Дар охири автореферат аннотатсияи диссертатсия ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ҳар яке дар ҳаҷми як саҳифа оварда мешавад.
55. Дар мавриди ба забони русӣ ё англисӣ пешниҳод шудани диссертатсия, Шўро бояд тарҷумаи ҳамзамонии тоҷикии маҷлиси ҳимояро таъмин кунад.
56. Ба довталаби дараҷаи илмӣ, ки роҳбар ё муовини роҳбари муассиса аст, дар Шўрои назди ҳамон муассиса ҳимоя кардан манъ аст.
57. Баррасӣ ва экспертизаи диссертатсия дар Шўро дар асоси аризаи довталаб ва парвандаи аттестатсионии пешниҳодшаванда амалӣ гардонида мешавад. Ба ариза санаду ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
– мактуби ҳамроҳ аз муассисаи пешниҳодкунандаи диссертатсия ба номи роҳбари муассисае, ки дар назди он Шўро амал мекунад;
– дастнависи диссертатсия;
– дастнависи автореферати диссертатсия;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо аз ҷойи кор ё таҳсил, тавсифнома, ки бо имзо ва муҳр тасдиқ шудааст;
– нусхаи шиноснома;
– нусхаи ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи дипломҳои дараҷаи илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ (дипломи номзади илм, доктори (PhD), мутахассис ва ё магистр);
– маълумотнома дар бораи хатми докторантура, постдокторантура, аспирантура, докторантура аз рўи ихтисос, адъюнктура, ординатура ё гузаштани зинаи унвонҷўӣ;
– нусхаи асли шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ ё имтиҳонҳои ҷамъбастии докторантура аз рўи ихтисос;
– нусхаи интишороти довталаб вобаста ба мавзўи диссертатсия;
– тақризи роҳбари (мушовири) илмӣ вобаста ба таҳқиқоти диссертатсионӣ ва худи довталаб;
– хулосаи тасдиқшудаи Муассиса бо протоколи маҷлис дар бораи баррасии диссертатсия, дуруст барасмият дароварда шудани он, мутобиқати муҳтавои диссертатсия ба номи мавзуъ, автореферат ва ихтисосе, ки тибқи он таҳқиқот анҷом дода шудааст, теъдод ва мувофиқати интишороти натиҷаҳои асосӣ ба талаботи мавҷуда, саҳми шахсии довталаб дар иҷрои таҳқиқоти диссертатсионӣ, мувофиқати он ба соҳа ва ихтисосҳои Шўро, дархости Муассиса ба Шўро.
58. Агар диссертатсия дар Муассиса омода шуда бошад, Шўро пас аз қабули ариза, бо мақсади экспертизаи дохилии (навбатии) диссертатсия бо қарори худ дар ҳайати на кам аз 3 узви шўро ё олимони берунаи маъруфи соҳа, ки мутахассиси самти илмии диссертатсия мебошанд, комиссияи экспертӣ таъсис медиҳад. Тартиби экспертизаи диссертатсия дар Шўро тибқи Низомномаи шўрои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.
59. Агар диссертатсия дар муассисаи беруна омода шуда бошад, Шўро дар ҳолати зарурӣ метавонад дар маҷлиси назди кафедраи мувофиқи муассисаи худ маърўзаи довталаби дараҷаи илмиро роҷеъ ба муҳтавои таҳқиқоти диссертатсиониаш шунавад ва баъд талаботи банди 58-ро амалӣ намояд.
60. Комиссияи экспертии Шўро дар муддати на дертар аз 15 рўз (25 рўз барои диссертатсияи докторӣ) таҳқиқоти диссертатсиониро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи мутобиқати мавзуъ, муҳтавои диссертатсия ва автореферат ба ихтисос ва соҳаи илме, ки аз рўи он ба Шўро қабул, баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо иҷозат дода шудааст, мутобиқати муҳтавои диссертатсия ба шиносномаи ихтисоси пешниҳодшуда, ба самтҳои афзалиятноки илм дар ҷумҳурӣ, оид ба мукаммалии дарҷи маводи диссертатсионӣ дар асарҳои чопшудаи довталаб, дар бораи иҷрои талабот нисбат ба нашри натиҷаҳои асосии диссертатсия, эътимоднокии натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ, вобаста ба масъалаи қабул кардан ё накардани диссертатсия ба Шўро, пешниҳоди муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбари эҳтимолӣ, иҷозатдиҳӣ барои гузоштани эълони ҳимоя, матни диссертатсия ва автореферат дар сомонаҳои Комиссия ва Муассиса, нашр ва паҳнкунии автореферат ва паҳлуҳои дигари арзёбии диссертатсия хулоса пешниҳод менамояд.
61. Шўро дар муддати на дертар аз 1 моҳ пас аз қабули диссертатсия дар маҷлиси худ аз рўи хулоса ва пешниҳоди комиссияи экспертии Шўро дар бораи қабул ё рад намудани диссертатсия ба ҳимоя ё ташкили ҳимояи якдафъаина, таъйини муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар (бо розигии онҳо), муайян кардани вақти ҳимоя, гузоштани эълони ҳимоя, матни диссертатсия ва автореферат дар сомонаҳои Комиссия ва Муассиса, нашр ва паҳнкунии автореферат қарори асоснок қабул менамояд.
62. Агар қарори Шўро нисбат ба қабули диссертатсия ба ҳимоя мусбат бошад, он гоҳ қарори мазкур дар сомонаи расмии Муассиса дар муддати на дертар аз 10 рўз ҷой дода мешавад.
63. Дар ҳолати аз тарафи Шўро қабул гардидани қарори манфӣ (радкунӣ) нисбат ба қабули диссертатсия ба ҳимоя нусхаи қарори мазкур бо парвандаи аттестатсионии довталаб дар муддати на дертар аз 10 рўзи пас аз баргузории маҷлиси Шўро барои коркарди иловагӣ ва ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда ба муассисаи пешниҳодкунанда баргардонида мешавад.
64. Асосҳои радкунии қабули диссертатсия ба ҳимоя инҳо шуда метавонанд:
– риоя нагардидани талаботи бандҳои 2 ва 56 Тартиби мазкур;
– мутобиқат накардани мавзўъ ва муҳтавои диссертатсия ба ихтисоси илмӣ ва соҳаи илме, ки аз рўи он ба Шўро ҳуқуқи қабул ва ҳимояи диссертатсия вогузор гардидааст;
– иҷро нагардидани талабот нисбат ба интишори натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия, ки дар бандҳои 33 ва 34 Тартиби мазкур пешбинӣ шудааст;
– дар диссертатсия истифода шудани маводи ғайр бидуни ишора ба муаллифи он, манбаи иқтибос ва ё ҷудо нагардидани ҳиссаи натиҷаҳои илмии дар ҳаммуаллифӣ бадастомада;
– пешниҳод гардидани маълумоти номуътамад оид ба таълифоти чопшуда, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия дарҷ шудаанд.
65. Довталаб метавонад парвандаи аттестатсиониашро баъди ислоҳи камбудиҳои дар қарор зикрёфта бо риояи пурраи тартиби пешниҳодкунӣ аз нав ба Шўро манзур намояд.
66. Дар мавриди аз рўи ду ихтисоси наздик ба ихтисосҳои Шўро пешниҳод гардидани диссертатсия Шўро метавонад бо ҷалби мутахассисони дохилии соҳаи дахлдори илм ва мутахассисони беруна дар бораи баргузор намудани ҳимояи якдафъаина ба Комиссия бо дархост муроҷиат намояд. Тартиби ташкил ва гузаронидани ҳимояи якдафъаинаи диссертатсия тибқи талаботи Низомномаи шўрои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур сурат мегирад.
67. Шўро баъди ба ҳимоя қабул шудани диссертатсия бо тавсияи комиссияи экспертии Шўро аз ҷумлаи мутахассисони самтҳои дахлдори илм ё наздик ба онҳо, ки кормандони басти доимии муассисаҳои гуногун (ба истиснои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) ё филиалу марказҳои мустақили онҳо мебошанд, асарҳои чопшудаи мувофиқ доранд ва ба пешниҳоди Шўро розигӣ додаанд, муқарризони расмии диссертатсияро таъйин менамояд:
– барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рўи ихтисос– 2 муқарриз, ки яке аз онҳо бояд доктори илм ё доктори ҳабилитат бошад;
– барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат– 3 муқарриз, ки ҳар се бояд доктори ҳабилитат ё доктори илм бошанд.
68. Шўро метавонад ба сифати муқарризи расмӣ яке аз узви Шўроро, ки мутахассиси соҳаи диссертатсия аст, таъйин намояд.
69. Ихтисоси муқарризони расмӣ бояд ба ихтисоси диссертатсияи ҳимояшаванда мувофиқат намояд ва ё аз рўи ихтисоси мазкур интишороти илмӣ дошта бошанд. Ҳангоми зарурат Шўро метавонад барои ҳимояи диссертатсияи номзади илм ва доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос 1 муқарризи расмӣ ва барои ҳимояи диссертатсияи доктори илм ва доктори ҳабилитат то 2 муқарризи расмиро аз хориҷи кишвар ҷалб намояд. Дар мавриди муқарризи расмӣ таъйин намудани мутахассиси хориҷӣ тахассуси илмии ў бояд бо нусхаи дипломи дараҷаи илмӣ тасдиқ карда шавад.
70. Шахсони зерин муқарризи расмии диссертатсия шуда наметавонанд:
– узви Раёсати Комиссия;
– корманди басти доимии Комиссия;
– узви шўрои экспертии Комиссия;
– раис, муовини раис ва котиби илмии Шўро;
– роҳбар (мушовир)-и илмии довталаб;
– шогирдони як мактаби илмӣ;
– роҳбарони муассисае, ки дар он диссертатсия иҷро шудааст;
– корманди басти доимии муассисаи пешбари диссертатсия;
– ҳаммуаллифи корҳои банашррасидаи довталаб;
– хешовандони наздики довталаб ё роҳбар (мушовир)-и илмии ў (падар, модар, зан, шавҳар, фарзанд, бародар ва хоҳар);
– корманди басти доимии муассисае, ки дар он довталаб ё роҳбар (мушовир)-и илмиаш фаъолият дорад.
71. Муқарризи расмӣ дар асоси экспертизаи диссертатсия ва корҳои чопшудаи довталаб ба Шўро тақризи хаттӣ пешниҳод менамояд, ки дар он аҳамияти мавзўи интихобшуда, дараҷаи асоснокии нуктаҳои илмӣ, хулосаҳо ва тавсияҳои овардашуда, эътимоднокӣ ва навгонии онҳо, мутобиқати диссертатсия ба меъёрҳои дар Тартиби мазкур муқарраргардида бояд инъикос ёфта бошад. Тақриз бо имзои муқарризи расмӣ ба тартиби муқарраршуда тасдиқ карда шуда, на дертар аз 15 рўз то санаи ҳимоя ба шўрои диссертатсионӣ супорида мешавад. Нусхаи он ва маълумот дар бораи муқарризи расмӣ на дертар аз 10 рўз аз тарафи Шўро дар сомонаи Муассиса ҷойгир ва ба довталаби дараҷаи илмӣ ирсол мегардад.
72. Тақризи омоданамудаи муқарризони расмӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгў бошад:
– мутобиқати диссертатсия ба ихтисосҳо ва самтҳои илм, ки аз рўи онҳо диссертатсия ба ҳимоя пешниҳод шудааст;
– мубрам будани мавзўи диссертатсия;
– дараҷаи навгонии натиҷаҳои дар диссертатсия бадастомада ва нуктаҳои илмие, ки барои ҳимоя пешниҳод мешаванд;
– асоснокӣ ва эътимоднокии хулосаҳо ва тавсияҳои дар диссертатсия зикршуда;
– аҳамияти илмӣ, амалӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии натиҷаҳои диссертатсия бо нишон додани тавсияҳо оид ба истифодаи онҳо;
– нашри натиҷаҳои диссертатсия дар маҷаллаҳои тақризшавандаи илмӣ;
– мутобиқати барасмиятдарории диссертатсия ба талаботи Комиссия;
– дар қисмати хотимавии тақриз овардани хулосаи ҷамъбастӣ оид ба сазовор донистан ё надонистани довталаб ба дараҷаи илмии дахлдор.
73. Дар ҳолати ба талаботи муқарраршуда мутобиқат накардани тақризи муқарризи расмӣ Шўро муқарризи расмиро иваз карда, санаи ҳимояи диссертатсияро ба муҳлати на бештар аз 3 моҳ мавқуф мегузорад.
74. Муассисаи пешбар аз ҳисоби муассисаҳои ҷумҳурӣ ё хориҷие, ки бо дастовардҳои илмии худ дар соҳаи дахлдори илм маъруфанд ва дар онҳо мутахассисони соҳа, дорандагони дараҷаҳои илмӣ кор мекунанд, таъйин карда мешавад. Муассисае, ки дар он диссертатсия таълиф шудааст, довталаб ё роҳбар (мушовир)-и илмии ў кор мекунад, муассисаи пешбар шуда наметавонад.
75. Шўро бо тавсияи комиссияи экспертии худ ба ҳайси муассисаи пешбар муассисаи берунаеро (бо ризоияти он) таъйин мекунад, ки бо дастовардҳои илмиаш дар самти дахлдори илм маъруф буда, имкони ба арзишҳои илмӣ ва амалии диссертатсия баҳо доданро дорад.
76. Дар тақризи муассисаи пешбар аҳамияти натиҷаҳои бадастовардаи довталаб барои рушди соҳаи дахлдори илм инъикос меёбад. Барои диссертатсияи ҷанбаи амалидошта дар тақриз бояд тавсияҳои мушаххас оид ба истифодаи натиҷаҳо ва хулосаҳои овардашуда инъикос ёбанд. Тақризи муассисаи пешбар бо имзои роҳбар (муовини роҳбар) ва муҳри муассиса, дар асоси хулосаи воҳиди сохториаш, ки яке аз самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиаш ба мавзўи диссертатсия қаробат дорад, мувофиқи натиҷаҳои баррасии диссертатсия ва маърўзаи довталаб дар маҷлиси он тасдиқ карда мешавад.
77. Барои тайёр намудани тақризи муассисаи пешбар роҳбари муассиса экспертро аз ҷумлаи мутахассисони дорои дараҷаи илмии дахлдор дар мувофиқа бо роҳбари сохтори дахлдори тобеи муассиса таъйин намуда, санаи баргузории маҷлиси илмии ин сохторро муайян мекунад, ки дар он муҳокимаи диссертатсия ва тақризи тайёрнамудаи эксперт баррасӣ мегардад. Агар ҳеҷ як аз муқарризони расмӣ узви Шўро набошад, он гоҳ эксперти муассисаи пешбар метавонад узви Шўро бошад.
78. Шахсони зерин эксперти муассисаи пешбар шуда наметавонанд:
– аъзои Раёсати Комиссия;
– аъзои шўрои экспертии Комиссия;
– кормандони доимии муассисаи пешбар, ки ба сифати аъзои комиссияи экспертии шўрои диссертатсионӣ оид ба диссертатсияи баррасишаванда ҷалб карда шудаанд;
– ҳаммуаллифони таълифоти чопшудаи роҳбари (мушовири) илмӣ ва довталаб;
– хешу табори наздики довталаб ва роҳбари (мушовири) илмии ў.
79. Лоиҳаи тақризи эксперти муассисаи пешбар бояд ба талаботи зерин ҷавобгў бошад:
– мутобиқати муҳтавои диссертатсия ба ихтисос ё соҳаи илми эълоншуда;
– саҳми илмии довталаб дар ҳалли масъалаи илмӣ ё коркарди проблемаи илмӣ бо арзёбии аҳамияти он;
– натиҷаҳои мушаххаси илмӣ (бо нишон додани навгонӣ, аҳамияти илмӣ ва амалии онҳо), ки барои он ба довталаб додани дараҷаи илмии дархостшаванда мумкин аст;
– мутобиқати тахассуси илмии довталаб ба дараҷаи илмӣ.
80. Агар муассисаи пешбар аз хориҷи кишвар таъйин гардида бошад, тақризи он дар маҷлиси илмии зерсохтори муассисаи мазкур бо иштирок ё бе иштироки довталаб муҳокима карда шуда, хулосаи тасдиқшуда ба Шўро пешниҳод мегардад.
81. Тақриз бо овоздиҳии ошкоро ё пинҳонии аксарияти оддии овозҳои шахсони дар маҷлиси илмии зерсохтор иштироккунанда, ки дорандаи дараҷаҳои илмии дахлдор мебошанд, қабул карда мешавад ва аз ҷониби раис ва котиби маҷлис бо нишон додани дараҷаҳои илмиашон, инчунин эксперте, ки лоиҳаи тақризро омода кардааст, имзо карда мешавад.
82. Агар лоиҳаи тақризи аз ҷониби эксперт пешниҳодшуда аз ҷониби маҷлиси илмӣ дастгирӣ наёбад, раиси маҷлис ба эксперти дигар ё гурўҳи экспертони муассиса супориш медиҳад, ки натиҷаҳои мубоҳисаро ҷамъбаст ва лоиҳаи нави тақризро омода намоянд, ки он бо овоздиҳии такрорӣ қабул карда мешавад.
83. Тақризи муассисаи пешбар на дертар аз 15 рўз то санаи ҳимоя ба Шўро супорида шуда, нусхаи он ва маълумот дар бораи муассисаи пешбар на дертар аз 10 рўз аз тарафи Шўро дар сомонаи Муассиса ҷойгир ва ба довталаби дараҷаи илмӣ ирсол мегардад. Дар ҳолати ба талаботи муқарраршуда мутобиқат накардани тақризи муассисаи пешбар Шўро муассисаи пешбарро иваз мекунад ва санаи ҳимояи диссертатсияро ба муҳлати на бештар аз 3 моҳ мавқуф мегузорад.
84. Автореферати диссертатсия тибқи Дастурамал дар бораи тартиби барасмиятдарории диссертатсияҳо ва авторефератҳо ва банди 54 Тартиби мазкур ба расмият дароварда шуда, он бояд натиҷаҳои асосии диссертатсия, саҳми муаллиф дар таҳқиқоти гузаронидашуда, дараҷаи навгонӣ, аҳамияти амалии таҳқиқоти анҷомёфта ва феҳристи асарҳои чопшудаи довталабро инъикос намояд. Ҳаҷми автореферат барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рўи ихтисос 1 ҷузъи муаллифӣ (барои ихтисосҳои гуманитарӣ 1,5 ҷузъ), барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат 2 ҷузъи муаллифӣ (барои ихтисосҳои гуманитарӣ 2,5 ҷузъ) муқаррар карда мешавад.
85. Автореферати диссертатсия ба аъзои Шўро ва муассисаҳои дахлдор на дертар аз 1 моҳ то рўзи ҳимоя тибқи рўйхате, ки Шўро муайян мекунад, ирсол карда мешавад.
86. Барои шиносоии пешакӣ матни диссертатсия ва автореферати ба ҳимоя қабулшудаи довталаби дараҷаи илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дар сомонаи расмии Комиссия ва сомонаи Муассиса на камтар аз 2 моҳ, дараҷаи илмии доктори илм ва доктор ҳабилитат– на камтар аз 3 моҳ нигоҳ дошта мешавад ва пас аз ҳимоя 7 моҳи дигар низ онҳо дар дастраси умум мемонанд.
87. Як нусхаи диссертатсия ва ду нусхаи автореферат на дертар аз 1 моҳ то санаи ҳимоя ба китобхонаи Муассиса супорида мешавад. Дар сурати баргузор нагардидани ҳимоя, бозхонд гардидани диссертатсия ва ё тасдиқ нагардидани он аз ҷониби Комиссия, дар асоси аризаи довталаб диссертатсия ва авторефератҳо ба ў баргардонида мешаванд.
88. Тақризҳои озоди ба диссертатсия ва автореферати он воридшуда дар сомонаи расмии Муассиса на дертар аз 10 рўз то санаи ҳимояи диссертатсия ҷойгир карда мешаванд. Тақриз бояд мушаххас, вобаста ба таҳқиқоти диссертатсионӣ ва дар доираи одоби илмӣ навишта шуда бошад. Дар тақриз ному насаб, ҷойи кор, вазифа, дараҷаву унвони илмӣ, почтаи электронӣ ва рақами телефони муқарриз дарҷ гардида, ба Шўро дар шакли хаттӣ ё электронӣ ирсол карда мешавад.
89. Довталаби дараҷаи илмӣ ҳангоми мавҷуд будани тақризҳои манфӣ низ метавонад диссертатсияро ҳимоя кунад.
90. Ҳимояи диссертатсия бо ҳузури довталаби дараҷаи илмӣ бояд дар муҳити озод, ошкорбаёнӣ, серталабӣ, ҷиддият, бо риояи одоби илмӣ баргузор гардад ва хусусияти мунозираи илмӣ дошта бошад. Ҳангоми ҳимоя бояд эътимоднокӣ ва асоснокии натиҷаҳои таҳқиқот, тавсияҳои ҷанбаи назариявӣ ва амалидоштаи диссертатсия мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирад.
91. Муқарризони расмӣ дар маҷлиси ҳимояи диссертатсия бояд ҳузур дошта бошанд. Дар мавриди бо сабаби узрнок ҳузур надоштани яке аз муқарризони расмӣ, ки ба диссертатсия тақризи мусбат дода, дар реҷаи on-line бо Шўро имконияти пайваст шуданро надорад, маҷлиси Шўро бе иштироки ў гузаронида мешавад. Дар ин маврид тақризи муқарризи ҳузурнадошта пурра қироат карда мешавад. Агар муқарризи расмӣ дар реҷаи интерактивӣ (on-line) имконияти қироат намудани тақризи худро дошта бошад, он гоҳ ў ҳамчун муқарризи ҳозирбуда ба ҳисоб гирифта мешавад. Ҳангоми ҳузур надоштани муқарризи расмие, ки ба диссертатсия тақризи манфӣ дода, дар реҷаи on-line бо маҷлиси Шўро имконияти пайваст шуданро надорад, ҳимояи диссертатсия ба муҳлати на бештар аз 3 моҳ мавқуф гузошта мешавад. Муқарризи расмии такроран ба маҷлиси Шўро ҳозирнашуда иваз карда мешавад.
92. Дар маҷлиси Шўро иштироки 5 нафар мутахассис аз рўи ихтисоси илмии диссертатсия ва дар муҳокимаи натиҷаҳои диссертатсия ба музокира баромадани ақаллан 3 нафари онҳо ҳатмӣ мебошад.
93. Қарори Шўро дар хусуси ба довталаб додан ё надодани дараҷаи илмӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад. Барои ин, аз тариқи овоздиҳии ошкор дар ҳайати на камтар аз 3 нафар аъзои Шўро комиссияи ҳисоб интихоб карда мешавад. Тартиби кори комиссияи ҳисоб ва қабули қарори Шўроро Низомномаи шўрои диссертатсионӣ муқаррар мекунад.
94. Дар хулосаи Шўро бояд натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ дарҷ гардад. Ҳангоми қабули қарори мусбат Шўро хулосаашро вобаста ба диссертатсия бо овоздиҳии ошкор қабул мекунад, ки дар он дуруст таъйин шудани муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар, муҳимтарин натиҷаҳои илмии шахсан бадастовардаи довталаби дараҷаи илмӣ, эътимоднокӣ, навгонӣ ва аҳамияти онҳо барои назария ва амалия, тавсияҳо оид ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ нишон дода мешаванд.
95. Хулосаи Шўро бо имзои раис (муовини раис), котиби илмии Шўро ва муҳри Муассиса барасмият дароварда мешавад. Нусхаи хулоса на дертар аз 10 рӯзи пас аз ҳимоя дар сомонаи Муассиса ҷойгир ва ба довталаби дараҷаи илмӣ супорида мешавад.
96. Барасмиятдарории парвандаи аттестатсионии довталаби дараҷаи илмӣ тибқи муқаррароти Низомномаи шўрои диссертатсионӣ амалӣ карда мешавад. Довталаб метавонад бо маводи парвандаи аттестатсионии худ шинос шавад.
97. Ҳангоми аз рўи натиҷаҳои ҳимояи диссертатсия қабул шудани қарори мусбат Шўро дар муддати на дертар аз 30 рўзи пас аз ҳимоя нусхаи якуми парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияро ба Комиссия ирсол карда, нусхаи дуюмро барои ба муҳлати 10 сол нигаҳдорӣ намудан ба бойгонии Муассиса месупорад.
98. Ҳангоми аз рўи натиҷаҳои ҳимояи диссертатсия қабул шудани қарори манфӣ, Шўро дар муддати на дертар аз 10 рўзи пас аз ҳимоя нусхаи қарори мазкурро барои дар сомона гузоштан ба Комиссия ирсол карда, нусхаи якуми парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияро барои ба муҳлати 10 сол нигаҳдорӣ намудан, ба бойгонии Муассиса месупорад. Дар сурати дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод нагардидани парвандаи аттестатсионӣ ба Комиссия, Шўро огоҳонида мешавад.
99. Тартиби ба довталаби дараҷаи илмӣ баргардонидани парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияи манфӣ арзёбишударо Низомномаи шўрои диссертатсионӣ танзим менамояд. Шакли аз нав коркардшудаи ин гуна диссертатсияро довталаб метавонад на пештар аз 1 соли баъд аз ҳимоя ба ҳимояи такрорӣ пешниҳод кунад. Ҳангоми ҳимояи такрории диссертатсия муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар бояд иваз карда шаванд.
100. Нусхаи диссертатсия дар шакли хаттӣ ва электронӣ (барои диссертатсияи радшуда – танҳо электронӣ) тибқи тартиби муқарраршуда ба муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.
101. То қабули қарори Шўро довталаби дараҷаи илмӣ ҳуқуқ дорад, ки бо ариза диссертатсияашро аз баррасӣ бозхонд намояд. Диссертатсияи бозхондшударо тибқи муқаррароти Тартиби мазкур пас аз 1 соли коркарди иловагӣ аз нав ба ҳимоя пешниҳод кардан мумкин аст. Диссертатсияе, ки аз баррасии Шўро бе ҳуқуқи ҳимояи такрорӣ бардошта мешавад, дар сомонаи расмии Муассисае, ки дар назди он шўрои диссертатсионӣ амал мекунад, ба муҳлати 10 сол нигоҳ дошта мешавад.
6. ЭКСПЕРТИЗАИ ДИССЕРТАТСИЯ ДАР КОМИССИЯ
102. Парвандаи аттетстатсионӣ ва диссертатсияи аз Шўро ба Комиссия воридшуда тибқи муқаррароти Низомномаи шўрои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур барои гузаронидани экспертиза ба шуъбаи аттестатсионии дахлдор вогузор карда мешавад.
103. Шуъбаи аттестатсионӣ дараҷаи асолати матни диссертатсияро бо ёрии барномаи компютерии «Антиплагиат» месанҷад ва барои муайян кардани мутобиқат ва ҷавобгў будани парвандаи аттетстатсионию диссертатсия ба талаботи Низомномаи шўрои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур онҳоро аз экспертизаи меъёрию техникӣ мегузаронад. Дараҷаи асолати диссертатсия тибқи талаботи Дастурамал дар бораи санҷиши асолати диссертатсия аз рўи барномаи компютерии «Антиплагиат» амалӣ карда мешавад.
104. Агар дар натиҷаи санҷиши асолати матни диссертатсия бо ёрии барномаи компютерии «Антиплагиат» мавҷудияти иқтибосҳои ғайриқонунӣ ва бо дарназардошти иқтибосоварӣ асолати аз 75% ками (автореферати диссертатсия на кам аз 80%) матни диссертатсия ошкор гардад, Комиссия дар асоси хулосаи шуъбаи аттестатсионӣ, бидуни экспертизаи илмии шўрои экспертӣ, дар бораи бекор кардани қарори шўрои диссертатсионӣ ва ба ҳимояи такрорӣ ирсол намудани диссертатсияи довталаби дараҷаи илмӣ қарор қабул мекунад.
105. Дар мавриди мутобиқати парвандаи аттетстатсионӣ ва диссертатсия ба талаботи Низомномаи шўрои диссертатсионӣ, Тартиби мазкур ва Дастурамал дар бораи тартиби барасмиятдарории диссертатсияҳо ва авторефератҳо шуъбаи аттестатсионӣ онҳоро ҳамроҳ бо хулосаи худ ба шўрои экспертии дахлдор барои гузаронидани экспертизаи илмӣ ирсол мекунад.
106. Агар ҳангоми санҷиши парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия риоя нагардидани талаботи барасмиятдарории парванда ва (ё) диссертатсия ошкор шуда бошад, тибқи тартиби муқарраргардида Комиссия онҳоро барои коркарди иловагӣ ба Шўро бармегардонад.
107. Шўро уҳдадор аст, ки камбудиҳои ошкоршударо дар муддати на зиёда аз 1 моҳи пас аз дастрасии мактуби дахлдори Комиссия бартараф намояд. Дар ин ҳолат, муҳлати баррасии парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсия дар Комиссия аз рўзи аз нав воридшавии онҳо ба ҳисоб гирифта мешавад.
108. Ҳангоми ошкор шудани далели вайронкунии расмиёт дар таъйин кардани муқарризони расмӣ, муассисаи пешбар ва гузаронидани раванди ҳимояи диссертатсия, ки онҳоро Низомномаи шўрои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур танзим менамоянд, Комиссия бидуни экспертизаи илмии шўрои экспертӣ, дар бораи бекор кардани қарори шўрои диссертатсионӣ ва ба ҳимояи такрорӣ ирсол намудани диссертатсияи довталаби дараҷаи илмӣ қарор қабул мекунад.
109. Шўрои экспертӣ мутобиқати парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияро ба талаботи Низомномаи шўрои диссертатсионӣ ва меъёрҳои дар Тартиби мазкур муқарраршуда дар муддати на зиёда аз 1 моҳ месанҷад ва хулосаю натиҷаҳои дар таҳқиқоти диссертатсионӣ зикрёфтаро аз экспертизаи илмӣ мегузаронад. Тарзи таъйин намудани эксперт, гузаронидани экспертизаи илмӣ, баргузории маҷлиси шўрои экспертӣ ва қабули қарорҳои шўрои экспертӣ тибқи Низомномаи шўрои экспертӣ амалӣ гардонида мешавад.
110. Ҳангоми мусбат ё манфӣ арзёбӣ гаштани хулосаю натиҷаҳои таҳқиқоти диссертатсионӣ шўрои экспертӣ хулосаи асосноки худро бо қарори шўро ба расмият дароварда, бо тартиби муқарраргардида ба шуъбаи аттестатсионӣ пешниҳод менамояд.
111. Ҳангоми ба диссертатсия ворид гаштани хулосаи манфии эксперт шуъбаи аттестатсионӣ на дертар аз 10 рўз то баргузории маҷлиси навбатии шўрои экспертӣ дар ин хусус довталаби дараҷаи илмиро огоҳ менамояд ва барои гирифтани ҷавоб ба саволҳои пайдошуда худи довталаб ва ҳангоми зарурат роҳбар (мушовир)-и илмии он, раиси (муовини) шўрои диссертатсионӣ, муқарризони расмӣ ва инчунин бо ҳуқуқи овози машваратӣ мутахассисони дигари соҳаро ба маҷлис даъват менамояд.
112. Дар мавриди ба маҷлис ҳозир нашудани довталаб шўрои экспертӣ баррасии масъалаи мазкурро ба вақти дигар гузаронида, довталабро доир ба рўзи баргузории маҷлиси навбатӣ огоҳ менамояд. Дар мавриди такроран ҳозир нашудани довталаб масъала бе иштироки ў баррасӣ гардида, нусхаи қарори шўрои экспертӣ ба шӯрои диссертатсионии дахлдор пешниҳод карда мешавад.
113. Шуъбаи аттестатсионӣ натиҷаи экспертизаҳои меъёрию техникӣ ва илмии парвандаи аттестатсионӣ ва диссертатсияро ҷамъбаст намуда, ба Раёсати Комиссия дар бораи ба довталаб додани дараҷаи илмии дахлдор ё рад намудани дархостномаи Шўро хулосаи умумии тавсиявӣ пешниҳод менамояд.
114. Дар сурати манфӣ будани хулосаи шўрои экспертӣ оид ба диссертатсия Раёсати Комиссия дар асоси аризаи довталаб ё бо ташаббуси худ диссертатсия ва парвандаи аттестатсиониро барои гирифтани хулосаи иловагӣ ба комиссияи экспертии махсус таъсисдодашуда ирсол мекунад.
115. Комиссияи экспертии махсус таъсисдодашуда бояд дар муҳлати на зиёда аз 1 моҳ диссертатсияи мазкурро баррасӣ намуда, аз экспертизаи мукаммали илмӣ, меъёрӣ ва техникӣ гузаронад ва хулосаи асосноку қарори дахлдори худро вобаста ба додан ё надодани дараҷаи илмӣ ба Раёсати Комиссия пешниҳод намояд.
116. Қарори Раёсати Комиссия дар бораи ба довталаб додан ё надодани дараҷаи илмӣ қарори ниҳоӣ буда, дар муҳлати на зиёда аз 10 рўзи пас аз қабули он дар сомонаи Комиссия ҷойгир карда мешавад ва метавонад танҳо бо қарори суд тағйир дода шавад.
117. Довталаби дараҷаи илмӣ то қабули қарори Раёсати Комиссия ҳуқуқ дорад дар давраи барои экспертизаи диссертатсия муносиб онро бо пешниҳоди аризаи хаттӣ аз баррасии Комиссия бозхонд намояд. Дар ин маврид Комиссия дар ин хусус фармоиш ба тасвиб мерасонад. Довталаб метавонад пас аз 1 соли коркарди иловагии диссертатсия онро аз нав ба ҳимоя пешниҳод кунад.
118. Муҳлати баррасии диссертатсия дар Комиссия барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рўи ихтисос наметавонад аз 4 моҳ ва барои дараҷаҳои илмии доктори илм ва доктори ҳабилитат наметавонад аз 6 моҳ аз рўзи воридшавӣ зиёд бошад. Дар ҳолати барои гирифтани хулосаи иловагӣ ирсол намудани диссертатсия ва парвандаи аттестатсионӣ муҳлати баррасии он то 3 моҳи дигар тамдид карда мешавад.
119. Нусхаи диссертатсия ва парвандаи аттестатсионии ба Комиссия воридшуда дар бойгонии он то 10 сол нигоҳ дошта мешавад.
7. ТАРТИБИ БАРРАСИИ АРИЗАИ ШИКОЯТӢ
120. Довталаби дараҷаи илмӣ ё ҳар шахси воқеӣ (ё ҳуқуқӣ) метавонад дар муддати то 2 моҳи пас аз баргузории маҷлиси Шўро ба Комиссия дар хусуси риоя нагардидани тартиби пешниҳод ва ҳимояи диссертатсия дар Шўро, ки Низомномаи шўрои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур муқаррар кардаанд, дар шакли хаттӣ (бо имзои дастӣ ё электронӣ) аризаи шикоятӣ пешниҳод кунад. Дар ин маврид Комиссия баррасӣ ва арзёбии диссертатсия ва парвандаи аттестатсионии дахлдорро то санҷиши далелҳои ариза мавқуф мегузорад.
121. Дар аризаи шикоятӣ бояд чунин маълумот нишон дода шавад:
– насаб, ном ва номи падар, рақами телефон ва почтаи электронии аризадиҳанда;
– номи муассиса ва рамзи Шўро;
– маълумот оид ба қарори шубҳаноки Шўро (санаи қабули қарор, насаб, ном ва номи падари довталабе, ки қарор нисбат ба ў татбиқ шудааст);
– талаботи он бандҳои Низомномаи Шўро ва Тартиби мазкур, ки ҳангоми қабули қарори дахлдор аз тарафи Шўро риоя нашудаанд.
122. Аризаи шикоятӣ дар Комиссия дар мавридҳои зерин баррасӣ карда нашуда, дар ин бобат ба аризадиҳанда дар муддати 30 рўз иттилоъ дода мешавад:
– вуҷуд надоштани маълумоти дар банди 121 пешбинишуда;
– дар ариза мавҷуд будани алфози қабеҳ ва ибораҳои таҳқиромез;
– имконнопазир будани хондани матни ариза.
123. Комиссия ба Шўрои дахлдор дар хусуси ворид шудани аризаи шикоятӣ иттилоъ дода, ба он нусхаи матни аризаро замима мекунад.
124. Шўро дар муддати на зиёда аз 1 моҳ ба Комиссия ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунад:
– натиҷаҳои баррасии аризаи шикоятӣ, тибқи Низомномаи шўрои диссертатсионӣ ва Тартиби мазкур;
– пайнависи (стенограммаи) маҷлиси Шўро бо имзои раис, котиби илмӣ ва муҳри муассиса.
125. Агар фаъолияти Шўро муваққатан боздошта ё қатъ шуда бошад, ҷавоби аризаро роҳбарияти Муассисае омода месозад, ки дар назди он Шўрои мазкур амал мекард.
126. Комиссия ариза, ҷавоби ариза ва маводи дигари аз Шўро ё аз Муассиса воридшударо ба шўрои экспертӣ вогузор менамояд.
127. Шўрои экспертӣ барои қабули қарори асоснок метавонад аз Шўро ё аз Муассиса маълумоти иловагӣ дархост намояд ва аризадиҳандаю довталаби дараҷаи илми (тарафҳо)-ро бо огоҳонидани пешакӣ (на кам аз 10 рўз) ба маҷлиси шўрои экспертӣ даъват кунад. Шўрои экспертӣ ҳангоми зарурат метавонад раиси Шўро ё намояндаи Муассисаро ба маҷлиси худ даъват намояд.
128. Дар ҳолати ба маҷлиси шўрои экспертӣ ҳозир нашудани яке аз тарафҳо, шўрои экспертӣ баррасии масъалаи мазкурро ба маҷлиси навбатии худ гузаронида, дар ин хусус тарафҳоро огоҳ менамояд. Дар мавриди такроран ҳозир нашудани яке аз тарафҳо ё ҳардуи онҳо баррасии масъала бе иштироки тарафи ғоиб ё ҳарду тараф баргузор гардида, хулосаи шўрои экспертӣ ба Раёсати Комиссия пешниҳод карда мешавад.
129. Раёсати Комиссия вобаста ба аризаи шикоятӣ дар асоси хулосаи комиссияи экспертӣ бо мазмуни зерин қарор қабул мекунад:
– қарори Шўро бекор ва даъвои аризадиҳанда қонеъ карда шавад;
– қарори Шўро бетағйир мононда шуда, даъвои аризадиҳанда рад карда шавад.
130. Аз рўи натиҷаҳои баррасии аризаи шикоятӣ қарори Раёсати Комиссия дар муҳлати 10 рўзи баъди қабули фармоиши раиси Комиссия дар сомонаи расмии он ҷой дода мешавад. Нусхаи қарори Раёсати Комиссия ба шахси аризадиҳанда, Шўро (Муассиса) ва довталаби дараҷаи илмӣ ирсол карда мешавад.
131. Муҳлати қабули қарор аз тарафи Раёсати Комиссия аз рўзи ворид шудани ариза наметавонад аз 3 моҳ зиёд бошад. Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ва экспертизаи такрорӣ ин муҳлат метавонад то 3 моҳи дигар тамдид карда шавад.
132. Қарори Раёсати Комиссия метавонад бо тартиби судӣ мавриди шикоят қарор гирад.
8. АЗ НАВ АТТЕСТАТСИЯ НАМУДАНИ ДАРАҶАИ ИЛМӢ
133. Аз нав аттестатсия намудан нисбат ба шахсе татбиқ карда мешавад, ки дараҷаи илмиро дар давлати хориҷии бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарарзиш эътироф кардани ҳуҷҷатҳои дараҷаи илмӣ шартнома ё созишноманадошта ба даст овардааст. Чунин шахсон бо пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ тибқи муқаррарот ба Комиссия муроҷиат мекунанд.
134. Комиссия ариза ва ҳуҷҷатҳоро барои гирифтани хулоса ба шўрои экспертии самти дахлдор мефиристад.
135. Муқаррароти бандҳои 134 ва 135 нисбат ба шахсоне, ки диссертатсияи худро дар давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Лиссабон (1997), Конвенсияи минтақавии давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (Бангкок, 1983), Созишномаи байни давлатҳои ИДМ (Москва, 1998) ҳимоя намудаанд ва дараҷаҳои илмиро дар давлатҳое ба даст овардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо шартнома ё созишнома оид ба эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ дорад, татбиқ нашуда, ҳуҷҷатҳои онҳо бо тартиби муқарраргардида баробарарзиш карда мешаванд.
9. МАҲРУМ КАРДАН АЗ ДАРАҶАИ ИЛМӢ
136. Маҳрум кардан аз дараҷаи илмӣ бо қарори Раёсати Комиссия дар сурати ошкор гардидани вайроншавии талабот ва меъёрҳои Тартиби мазкур вобаста ба додани дараҷаи илмӣ дар асоси аризаи шикоятии шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ дар муҳлати 3 моҳ сурат мегирад. Комиссия нусхаи аризаи шикоятии воридшуда ва ҳуҷҷатҳои замимашударо ба Шўрои дахлдор ва ё дар сурати боздошт ва қатъи фаъолияти он ба Шўрои мувофиқ (ба ҳам наздик) ирсол менамояд.
137. Шўро аризаро дар маҷлиси худ дар муддати на зиёда аз 1 моҳ барррасӣ намуда, қарори худро ҷиҳати маҳрум кардан ва ё накардан аз дараҷаи илмӣ бо мактуби ҳамроҳ ва замима намудани пайнавис (стенограмма)-и маҷлис бо имзои раис, котиби илмӣ ва бо муҳри Муассиса ба Комиссия ирсол менамояд.
138. Хулосаи Шўро аз ҷониби шўрои экспертии тахассусии Комиссия бо огоҳ намудани тарафҳо (10 рўз пештар) дар ҳузури онҳо ва ё бе иштироки яке аз тарафҳои бе сабабҳои узрнок ҳузурнадошта баррасӣ шуда, натиҷаи он ба Раёсати Комиссия пешниҳод мегардад. Раёсати Комиссия дар асоси хулосаи шўрои экспертӣ қарори дахлдор қабул менамояд, ки он бо фармоиши раиси Комиссия тасдиқ карда мешавад.
10. БАРҚАРОР КАРДАНИ ДАРАҶАИ ИЛМӢ
139. Барқарор кардани дараҷаи илмӣ бо қарори Раёсати Комиссия дар асоси аризаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сурати ошкор гардидани вайроншавии талабот ва меъёрҳои Низомномаи шўрои диссертатсионӣ, Тартиби мазкур ва ё аз ҷониби суд муқаррар карда шудани ҳолатҳои навошкор вобаста ба арзёбии диссертатсия ҷой дошта метавонад.
140. Ариза дар бораи барқарор кардани дараҷаи илмӣ ба Комиссия дар шакли хаттӣ дар муддати то 10 сол пешниҳод шуда метавонад. Комиссия нусхаи аризаро бо ҳуҷҷатҳои замимашуда ба Шўрои дахлдор ва ё дар сурати боздошт ва қатъи фаъолияти он ба Шўрои мувофиқ (ба ҳам наздик) ирсол менамояд.
141. Шўро аризаро дар муддати на зиёда аз 1 моҳ барррасӣ намуда, хулоса ва қарори худро ҷиҳати барқарор кардан ва ё накардани дараҷаи илмӣ бо мактуби ҳамроҳ ва замима намудани пайнавис (стенограмма)-и маҷлис бо имзои раис, котиби илмӣ ва бо муҳри Муассиса ба Комиссия ирсол менамояд. Хулосаи Шўроро шўрои экспертии тахассусии Комиссия бо огоҳ намудани тарафҳо (10 рўз пештар) дар ҳузури онҳо ва ё бе иштироки яке аз тарафҳои бе сабабҳои узрнок ҳузурнадошта баррасӣ намуда, натиҷаи онро ба Раёсати Комиссия пешниҳод менамояд. Раёсати Комиссия дар асоси қарори шўрои экспертии Комиссия қарори дахлдор қабул менамояд, ки он бо фармоиши раиси Комиссия тасдиқ карда мешавад.
11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
142. Ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба тартиби додан, маҳрум сохтан ва барқарор кардани дараҷаи илмӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.
143. Дахолати мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он, шахсони ҳуқуқӣ, муассисаҳои дигар ва шаҳрвандон ба фаъолияти Комиссия оид ба масъалаҳои додан, маҳрум сохтан, барқарор кардани дараҷаҳои илмӣ қатъиян манъ карда мешавад.